БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ВОРИДОТ БЕШ АЗ СОДИРОТ

Хабарҳо

    Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, кормандони Хадамот  тавонистанд иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намоянд. Ин  хабарро зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали ин ниҳод Турсунзода Азим Ҳайдар таъкид намуд. 

Нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли 2024, ки 4332,7 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, 4612,8 сомонӣ иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ ворид шуд, ки ин 106, 5 фоизи нақша мебошад. Воридоти мол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҷумҳуриҳои Швейтсария, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардуми Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрону Белорусия агарчи зиёд шуда бошад, баръакс аз давлатхои дигар ба монанди Амрико, Олмон, Япония, Туркманистону Покистон ва Литва рӯ ба пасравӣ дорад.

Дар содироти молҳои ватанӣ ба хориҷ бошад, вазни асосиро маъданҳо ва консентратҳо, нахи пахта ва алюминии коркардашуда, меваю сабзавот, сементу пашм ташкил медиҳад.

Масъулини соҳа ба аксари саволҳои рӯзноманигорон, аз ҷумла муносибати гумрукчиён бо ворикунандагони мол, тартиби асноду ҳуҷҷатҳои расмӣ, имтиёзҳо барои воридкунандагони молу коло, воридоти нақлиёти наву куҳна, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ хобидаанд, содироти мол ба кишвархои ҳамсоя, хусусан Афғонистон мусбат посух гуфта, ҳамчунин баён доштанд, ки дастгир кардану тартиб додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳангоми ворид ё содирот шудани мол вазифаи гумрукчиён буда, мусодира ва таъини ҷазо ба вайронкунандагони қонун, яъне  соҳибкорони воридкунадаю содироткунандаи молу ашё кори мақомоти ҳифзи ҳуқук ва судҳо мебошад.

Дар  такя ба он, ки мавқеи занон миёни гумрукчиён чи ҳадро дорост, фаъолияти бештар аз сад нафар бонуро дар мақомоти гумрук тавсиф намуданд, ки зиёда аз 10 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.      

 

                                       

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон