БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми назаррас дорад

Хабарҳо

Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” як қатор нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намуда, дар амалисозии ин барномаҳо фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.

Бо мақсади пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз тарафи Вазорат гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки  ҷиҳати амалишавии ин иқдом дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намудаанд.

Ин нуктаро Музаффар Ашӯриëн, вазири адлияи кишвар дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ҳамчунин гуфта шуд, ки намояндагони вазорат дар вохӯриҳои худ вобаста ба мавзӯъҳои мубрам, аз қабили маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар байни шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши назаррас мегузоранд.

                                      

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон