БОЙГОНӢ

«    Май 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар шаҳри Душанбе нишаст оид ба муаррифии тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон» баргузор гардид

Хабарҳо

  Имрӯз дар КВД КТН «Шарқи Озод» бо иштироки намояндагони ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ нишаст оид ба муаррифии тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо» доир гардид. Лоиҳаро бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» дар шарикӣ бо  маркази тадқиқотии «Зеркало» ва  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст.

 Тадқиқот моҳҳои январ ва феврали соли 2024 баргузор гардида, дар он беш аз 2507 посухдиҳанда аз саросари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ (телевизион, радио, матбуот), балки абзорҳои нави интишори иттилоъ – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо (мессенҷер)-ҳоро низ фаро гирифтааст.

 Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар аст, ки шаҳрвандон ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд. Ин тадқиқот бори чаҳорум аст, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад, ки қаблан солҳои 2018, 2019 ва 2022 гузаронда шуда буд. Тадқиқот аз рӯи намудҳои ВАО мухотабонро муайян карда, ҳам барои интихоби самтҳои афзалиятнок дар рушди соҳа ва ҳам барои намудҳои ҷудогонаи расонаҳо метавонад истифода шавад.

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonuvon_04_2024.pdf [3.83 Mb] (зеркашиҳо: 74)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон