Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Вазорати нақлиёт : Аз офатҳои табиӣ 152,4 км роҳ хароб гардид
ХабарҳоИмрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он Азим Иброҳим - вазири нақлиёти кишвар ба суолҳои хабарнигорон посух гуфт.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2024 дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба 152,4 км роҳ, 22 адад пул, 10 адад қубур ба маблағи умумии 43 млн. 336,5 ҳазор сомонӣ ба ҷумҳурӣ зарар расонда шуд. Аз ин 109,36 км роҳ, 1 адад пул ба маблағи 3,1 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдори роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои Вазорати нақлиёти ҷумњурї барқарор карда шуданд.
Ёдоварӣ намуданд, ки ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 млрд. доллари ИМА, аз ин 6 лоиҳа ба маблағи 669,9 млн доллари ИМА дар ҷараёни татбиқшавӣ ва 7 лоиҳа ба маблағи 468,3 млн. доллари ИМА ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Мубодила:
Шарҳҳо
