БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

80 фоизи хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соҳиби кор мешаванд

Хабарҳо

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ соли 2024 ҳамкориро бо ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида, тавассути 17 филиали кафедраҳои донишгоҳ дар корхонаҳо дарсҳои таҷрибавию озмоиширо васеъ роҳандозӣ намудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти назаррас наздики 80 дарсади хатмкардагони Донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ин бора рӯзи 29 январи соли равон ректори Донишгоҳ Қудрат Давлатзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Зикр гардид, ки ҳамасола хатмкунандагони донишгоҳ ҳанӯз дар давраи таҳсил ба ҷойи кор ҷалб мегарданд.  

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ягона муассисаи базавӣ дар самти омодакунии кадрҳои муҳандисӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи мазкур буда, дорои неруи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад.     

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 61)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон