БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетовро ба ҳузур пазируфтанд

Хабарҳо / Сиёсат / Слайдер

 29 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.

 Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар баробари ин, дар робита ба вазъияти кунунӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он табодули назар анҷом гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷории рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима гардид.

 

Пешвои миллат бахусус ба аҳамияти иҷрои саривақтии Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона аз ҷониби Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба тасвиб расида буд, таъкид карда, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории муассир дар ин самт ба таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.

 

Зимни суҳбат, ҳамчунин, ба тақвияти минбаъдаи кори ҳамаҷониба дар доираи Созмон оид ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Бознашр аз АМИТ «Ховар».

  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 61)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон