БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маҳсулотҳои ғайристандартӣ ошкор гардиданд…

Хабарҳо / Слайдер

Дар ин давра назорати бозори истеъмолӣ пурзӯр карда шуда, ҷиҳати ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

   Соли 2024 зимни гузарондани санҷишҳо ба миқдори 1 011 801 маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шуд, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигараш аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯ набуданд, - гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Абдулвахобзода Темурҷон Назурулло, Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон.

 Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки дар асоси хулосаи озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ миқдори муайяни маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшонкиҳои спиртӣ ва ғайри спиртӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти ширӣ, тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки дар бозори дохилӣ ошкор гардиданд, ғайристандартӣ ҳисобида шуданд. Тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба фурӯшандагони ин маҳсулот чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон