Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Тоҷикфилм» бо 15 давлат ва 40 ширкати филмбардорӣ ҳамкорӣ менамояд
Хабарҳо / Слайдер4-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ доир гардид, ки ба саволҳои хабарнигорон директори Муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён посух гуфт.
Зикр гардид, ки дар соли 2024 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 4 филми ҳунарии пурра, 10 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳ ва 1 филми тасвирӣ наворбардорӣ намудаанд.
Ёдовар шуд, ки 3 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ гардид, ки инҳо «ВАО-и нави Россия», (Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Триикс Медиа»), «Моҳӣ дар шаст» (Тоҷикистон - Эрон - Россия), «Харгӯши сиёҳ - харгӯши сафед» (Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкати синамоии «Корномаи Дубай») мебошанд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи синамо байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва «Киностудияи миллии «Беларусфилм», Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи филми муштарак байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Иттиҳодияи «Туркманфилм» ба номи Оғузхони Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон ба имзо расид.
Дар маҷмуъ, «Тоҷикфилм» бо 15 давлат ва 40 ширкати филмбардорӣ ҳамкорӣ менамояд.