Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ДДМИТ: 6 ихтисоси нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат
Хабарҳо / СлайдерДар донишгоҳ бо пешниҳоди устодони дар хориҷи кишвар аз такмили ихтисос гузашта, ихтисосҳои наву муосир, аз қабили иқтисодиёти сабз, иқтисод ва молияи бозори амвол, менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ, иқтисодиёт, иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию комуналӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - Ҳакимбек Абдуалимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар давраи ҳисоботӣ 11 омӯзгорони хориҷӣ дар донишгоҳи мазкур аз такмили ихтисос гузашта. 34 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар донишгоҳҳои Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия такмили малака намудаанд.
Қайд гардид, ки дар донишгоҳ 314 донишҷӯи хориҷӣ бо забонҳои англисиву русӣ таҳсил менамоянд.
Гулноза Бобомуродова,
"Бонувони Тоҷикистон"