Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа : 836 690 нафар нафақа мегиранд
Хабарҳо / СлайдерҚисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 4 млрд. 445,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷети Агентӣ 4 млрд. 864,4 млн. сомонӣ ворид гардидааст, қайд гардид зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъулин ёдовар шуданд, ки сабабҳои зиёд гардидани талаботи нафақа аз санаи 1-уми июли соли 2024, 30 фоиз аз андозаи муқарраршуда индексатсия намудани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иловапулиҳо дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Андозаи нафақа ва стипендияҳо аз 1 июли соли 2024 дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршуда индексатсия (зиёд) карда шуд. Айни замон индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳо мувофиқ ба андозаи зиёдшавӣ пардохт мешаванд. Шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ айни замон 836 690 нафаро ташкил медодааст.