БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фаъолияти илмии Маркази тадқиқоти стратегӣ

Хабарҳо / Слайдер

 Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 5-уми феврал баргузор шуд, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ заминаи муҳими фаъолияти марказ дониста шуд.

Ба саволи “Бонувони Тоҷикистон” дар бораи мавзуъ ва аҳамияти рисолаҳои илмии дифоъшуда дар соли 2024 директори марказ Хайриддин Усмонзода чунин посух дод:

Дар соли 2024 ду нафар кормандони марказ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илм гаштанд.  Ҳарду мавзуи ҳимояшуда, марбути самти иқтисод буданд. Сардори Раёсати таҳлилӣ, масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ - Одиназода Амин вобаста ба масъалаҳои вазъи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини директори марказ Саодат Ҷӯрахонзода вобаста ба таҳлили бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои худро ҳимоя карданд.

Қайд гардид, ки ду рисолаи дигари кормандони ниҳоди мазкур ҳамаи марҳилаҳоро гузашта, дар арафаи ҳимоя қарор доранд.   

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон