БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Кумитаи ҷавонон: Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 134 маротиба суруди миллӣ садо дод

Хабарҳо / Слайдер

Тадбирҳои андешида дар самти рушди варзиши касбӣ дар соли 2024 аз ҷониби Кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии кишвар 1 126 нафар варзишгар, аз ҷумла 354 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 134 тилло, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ ворид намуданд, ки натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2023, 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 10-уми феврал сурат гирифт,  иттилоъ дод.

Ҳамчунин зикр шуд, ки 448 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони тоҷик баланд шуда, 134 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.

Аввалин бор дар кишвар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии “Гранд-Слам Душанбе-2024 бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлати ҷаҳон баргузор гардид, ки варзишгарони тоҷик бо ба даст овардани 7 медал - 1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар зинаи панҷуми кишварҳои иштирокчӣ қарор гирифтанд.  

Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон футболбозони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, ҳунарнамоии хуб нишон доданд.

Варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж - 2024, 3 медали биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд, ки ин дар таърихи соҳибистиҷлолии Тоҷикистон нахустин бор ҳисоб меёбад.

Аъзои дастаи  мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба волейбол барои гирифтани роҳхат ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиёро пайдо намуданд.

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон