БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сироҷиддин Муҳриддин: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 186 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад

Хабарҳо / Слайдер

Санаи 11-уми феврали соли 2025 нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин-вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо 186 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Соли 2024 ба Тоҷикистон  210 ҳайати баландмақоми хориҷӣ ташриф овардаанд, ки  натиҷаҳои ин баҳамоиҳо 152 санадҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шудааст.

Қайд гардид, ки моҳи январи соли 2025 дар доираи сафари кории Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 15 санади ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон 29 санади нави ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд.

Гулноза Бобомуродова,

"Бонувони Тоҷикистон"        

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон