БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 941,5 млн. кВт соат зиёд гардид

Хабарҳо / Слайдер

Соли 2024 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 17 млрд. 420,5 млн. кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 941,5 млн. кВт. соат зиёд аст. Дар ин бора рӯзи 11-уми феврали соли равон директори генералии ҶСК “Барқи Тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Номбурда қайд намуд, ки истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 15 млрд. 760,9 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 659,6 млн. кВт соат таъмин карда шудааст.

Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи мамлакат дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 203,9 млн. кВт. соат кам гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд. 473,2 млн. кВт соат баробар шуд. Неруи барқ дар мавсимҳои серобӣ (моҳҳои май – сентябр) асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд 525,4 млн. соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 943,9 млн. кВт. соат интиқол дода шуд.

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон