БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вазорати меҳнат: 73258 нафар ба ҷойи кор таъмин гардиданд

Хабарҳо / Слайдер

  11-уми феврали соли равон  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки  ба саволҳои хабарнигорон вазири меҳнат Солеҳа  Холмаҳмадзода ҷавоб гардонд.

Маълум гардид, ки дар соли 2024 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 148490 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 112545 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 64577 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд ва ба 73258 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси шартномаи тарафайн ба корхонаву ташкилотҳо 6706 нафар ба корҳои ҷамъияти музднок сафарбар карда шуданд.

Ҳамчунин ба 18377 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардидааст.

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон