Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ меафзояд
Хабарҳо / СлайдерЗимни нишасти матбуотӣ Султон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли 2024 ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 4,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2024 2,1 миллиард доллар ё 72,7 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки сармояи мустақим асосан ба саноати коркард – 176,4 миллион доллари ИМА (ё 44,7 фоиз), саноати истихроҷ – 145,9 миллион доллари ИМА (ё 37,0 фоиз), миёнаравии молиявӣ – 31,6 миллион доллари ИМА (ё 8,0 фоиз), савдо ва хизматрасонӣ – 28,1 миллион доллари ИМА (ё 7,1 фоиз), соҳаи сохтмон – 5,4 миллион доллари ИМА (ё 1,4 фоиз), кишоварзӣ ва шикор 1,9 миллион доллари ИМА (ё 0,5 фоиз) ва ғайра 5,0 миллион доллари амрикоӣ (ё 1,3 фоиз) равона гардид.
Ҳамчунин, мавсуф қайд намуд, ки сармояи мустақими хориҷӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Чин - 150,9 миллион доллари амрикоӣ, Амрико - 118,9 миллион доллари амрикоӣ, Британияи Кабир - 51,1 миллион доллари амрикоӣ, Русия - 28,9 миллион доллари амрикоӣ, Қазоқистон- 15,7 миллион доллари амрикоӣ, Туркия - 5,8 миллион доллари амрикоӣ, Ҷопон - 5,4 миллион доллари амрикоӣ, Фаронс - 4,2 миллион доллари амрикоӣ ва дигар давлатҳо 13,4 миллион доллари амрикоӣ ворид гардидааст.
Мубодила:
Шарҳҳо
