БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Кумитаи рушди сайёҳӣ: 1 млн. 400 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дидан намуданд

Хабарҳо / Слайдер

Ҷиҳати рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 46 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 25 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид, гуфта шуд зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Зикр гардид, ки дар соли 2024 аз кишварҳои хориҷ 1 млн. 603,3 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки  1 млн. 400 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ вориди кишвар гардидаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд будааст.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ, 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи кумитаи мазкур  фаъолият доштаанд.

Дар маҷмуъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин шумора 214 меҳмонхона, 46 хостелу мотел, 54 адад осоишгоҳ, 12 адад маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 адад хонаи истироҳатӣ, 3 адад кемпинг ва 4 адад базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст.    

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон