БОЙГОНӢ

«    Июн 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ДУШАНБЕ: ДАВРИ ҶАМБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ”

Хабарҳо

    Санаи 11-уми майи соли равон дар МД “Маркази Ош”-и шаҳри Душанбе   Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” баргузор гардид.

     Мавриди зикр аст,ки Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” бо ибтикори  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи кишвар,  Кумитаи дин, танзими анъана  ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

 

 Дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва масъулини як қатор вазорату кумитаҳо ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

 Нахуст иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои оилаҳои намунавии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дидан намуда,  ба ҳунару маҳорати бонувон, рушду эҳёи расму анъанаҳои оиладорӣ ва арҷгузории хонаводаҳо ба арзишҳои фарҳангӣ миллӣ баҳои баланд додаанд.

Дар идомаи чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оилаи дар толори МД “Маркази Ош”- маросими расмӣ ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи намунавӣ" доир гардид.

   Нахуст, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо суханронӣ намуда,  изҳор  дошт, ки оила ҳамчун муҳимтарин рукни ҷомеа дар рушди ҷомеа ва давлат нақши муассир дорад. Бинобар ин, оила зери ҳимояи давлат қарор дорад.

  Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобастагӣ дорад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Зикр гардид, ки қабул гардидани як қатор барномаву стратегия ва  консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ- ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбяи фарзанд”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистн барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи  давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2024- 2027, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодати таваҷҷӯҳи доимии  Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.

Дар идомаи чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” -ро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки баргузории инчунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи  фарзандони солим, худшиносу худогоҳ ва  ҳифзу  пойдории  оилаҳо нақши ниҳоят муҳим мегузорад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин як зумра оилаҳои рӯзгордида суханронӣ  намуда, бо ёдоварӣ аз намунаи ибратомӯзи фарҳанги оиладории  халқи тоҷик ибрози андеша намуданд.

 Тибқи иттилоъ Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри 2023 оид ба “Ҷадвали  баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ, ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар ҶТ барои солҳои 2024” ташкилу баргузор гардида,ҷиҳати тақвияти  мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги хонаводагӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ мусоидат менамояд.

Дар маросими бошукӯҳ ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии оила роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба чанде аз навхонадорон  шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва ба модарони тифлони навзод шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.

Сипас, дар маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи намунавӣ"   ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли ин озмун бо Шоҳҷоиза, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

"Бонувони Тоҷикистон"

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonuvon_04_2024.pdf [3.83 Mb] (зеркашиҳо: 147)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон