БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

БУНАФША ФАЙЗИДДИНЗОДА: МАВЗУҲОИ ФОРУМРО ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕСОЗЕМ

Хабарҳо / Слайдер

Пас аз анҷоми баромаду баррасиҳои мавзуҳои муҳими ҳаёти бонувони се давлат Форуми байналмилалии  "Наврӯз - иди занони ваҳдатсаро-ро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода пӯшида эълон намуд.

Дар охири ҳамоиш чун рамзи дӯстиву якдилӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ армуғон сохтанд.

Натиҷаву манфиати ин Форум ин аст, ки минбаъд дар фаъолият масъалагузорӣ, таҳлил ва пешниҳодҳои зимни ин ҳамоиш ироашударо ба инобат гирифта,  дар амал татбиқ месозем, - таъкид дошт Бунафша Файзиддинзода.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифашон аз меҳмонони зиёд, хоса бонувони аз хориҷ ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон омада, арзи сипос  намуд.

Нимаи дуюми рӯз бо иштироки меҳмонон ва бонувони фаъол "Шоми дӯстӣ" баргузор гардид, ки он бо хурсандӣ, рақсу суруд ва намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумиву анъанаҳои миллӣ то абад дар хотири иштирокдорон нақш баст.

Гулноза АҲМАДЗОДА,

"Бонувони Тоҷикистон"

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 36)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон