БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Нақши занону ҷавонон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат”

Хабарҳо

Бахшида ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 22 май дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони "Нақши занону ҷавонон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат" баргузор шуд.

Чорабиниро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова ифтитоҳ бахшида, нахуст  меҳмонону иштирокчиён ва кулли ҷавонони Тоҷикистонро бо тантанаҳои идонаашон шодбош гуфт. Дилрабо Ашӯрова дар суханронии хеш дар бораи масъулияти ватандории ҷавонон изҳори андеша намуда, афзуд, ки занон ва ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат фаъолияти назаррас доранд, ки ин бевосита натиҷаи иқдомҳои Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии занону духтарон мебошад.

Дар ҳамоиш Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар мавзӯи сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои ҷолиб баён карда, ба ҷавонон таъкид сохт, ки то метавонанд бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар пайи илмомӯзӣ бошанд ва бо донишу хиради воло Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ кунанд.

 Дар суханронии хеш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ доир ба  эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард, изҳори назар карда, афзуд ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро бори дигар ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо дар идомаи ҳамоиш перомуни ҷонфидоиҳои Пешвои миллат баҳри пойдории сулҳу Ваҳдати тоҷикон андешаҳои бикр баён намуд. Аз ҷумла афзуд, ки агар ҷавонони мо хоҳони пойдории сулҳу субот ва осоиштагии кишвар бошанд, бояд содиқонаву софдилона ба Ватан-модар хизмат кунанд. Неъматзода Маликшо ба гулдухтарон тавсия дод, ки аз ҷавонони хостгор ҳатман билети ҳарбӣ талаб кунанд, зеро ҷавоне, ки дар мактаби  Қувваҳои мусаллаҳ матонату мардонагии меомӯзад, дар зиндагӣ устувору ташаббускор ва қавиирода мешавад.

Дар идома ректори Донишгоҳи  байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулназарзода Жило, собиқадори меҳнат,  доктори илмҳои филологӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ низ доир ба мавзуи матраҳ андешаҳои омӯзанда баён намуда, ҷавононро ба ватанпарастиву илмомӯзӣ даъват намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавондухтарони фаъол сипосномаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

М. Назирова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон