БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хонандагони шаҳри Душанбе соҳиби 35 медали тилло гардиданд

Хабарҳо / Илм ва маориф

Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли 2025 дар озмуни аттестати аъло бо медалҳои тилло натиҷаҳои беҳтаринро дар таърихи баргузории озмуни мазкур ба даст оварданд. Дар маҷмуъ, 35 нафар бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло сарфароз шуданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаи рекордӣ мебошад.

 

Бояд гуфт, ки дар ду соли охир (соли 2024 27 медал) хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмуни мазкур пайваста натиҷаҳои баланд нишон дода, дар даврони соҳибистиқлолӣ ин дастовардҳоро ба сатҳи бесобиқа расондаанд.

Ин ҳама дастовардҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омадаанд, ки барои таълиму тарбияи босифати насли наврас шароити мусоид фароҳам гардидааст. 

Бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти татбиқи босамари “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” тайи солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои зиёди ифтихориро ба даст оварда, аз лиҳози сифат ва шумора дар сатҳи ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор доранд.

Манбаъ: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

   С. Ашӯрова


 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 24)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон