Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
"БОНУИ ҲУНАР". Дар ноҳияи Сино барои занону духтарон курсҳои омӯзишии қаннодӣ ва дӯзандагӣ роҳандозӣ гардид
Хабарҳо / Аз ҳар боб16-уми июли соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сино, шуъбаи кор бо занон ва оила бо мақсади ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир дар шуъбаи Агентӣ курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва қаннодӣ зери унвони “Бонуи ҳунар” роҳандозӣ гардид.

Барои омӯзиш 50 нафар ҷавондухтарону занон аз оилаҳои ниёзманд ҷалб гардидаанд, ки ба онҳо муддати як моҳ ҳунармандони чирадаст нозукиҳои ҳунари дӯзандагӣ ва қаннодиро меомӯзонанд. Баъди хатми курси мазкур ба ҳунаромӯзон шаҳодатномаҳои касбӣ супурда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории курсҳои омӯзишӣ соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин, эҳё ва густариши ҳунарҳои миллӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.
Манбаъ: МИҲД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
С. Ашӯрова
Мубодила:
Шарҳҳо
