Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ доир гардид
Хабарҳо17 июли соли равон дар шаҳри душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии тоҷикистон ва Амороти муттаҳидаи Араб доир гардид, ки зимни он афзалияти нодири сайёҳӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаббусҳои сиёесие, ки Тоҷикистонро ҳамчун макони рушдёбанда дар Осиёи Марказӣ шинос менамоянд, муаррифӣ гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти муттаҳидаи Араб дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз ду баробар афзудааст.
Дар форум Созишномаи ҳамкорӣ оид ба робитаҳои ҳавоӣ байни Мақомоти федоролии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳуми чортарафа байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои зеҳни сунъии назди вазорат, Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманди Душанбе" ва ширкати Амороти Муттаҳидаи Араб дар дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ ба имзо расид.
Манбаъ: АМИТ Ховар
Мубодила:
Шарҳҳо
