БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар ДДТТ ихтисосҳои нави «Биохимияи клиникӣ» ва “Психологияи тиббӣ» роҳандозӣ гардид

Хабарҳо

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ ду ихтисоси нав – “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” илова карда шуд, ки қадами нав дар рушди ин соҳаҳои муҳим мебошад. Дар ин бора ректори Донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

 

Қайд гардид, ки қабул ба ихтисосҳои мазкур аз соли нави таҳсили 2025 – 2026 ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқотии тиббии Приволжски Федератсияи Россия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонда шуд. Дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои муштарак амалӣ ва аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 32)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон