БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар Тоҷикистон истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ рӯ ба афзоиш дорад

Хабарҳо
Дар 69 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли 355 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст, ки ҳаҷми он дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 45 миллион ададро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод.
Дар нишаст инчунин муҳимтарин масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва зерсохторҳои он баррасӣ гардид. Маълум шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳо 129 634 кг дору, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконае, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, сертификати мутобиқат надоштанд ва ё ба талабот ҷавобгӯ набуданд, бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шудаанд.
 
Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 47)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон