БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хадамоти алоқа: Истгоҳҳои базавии насли 5G мавриди истифода қарор дода шуд

Хабарҳо
Ҳоло дар шаҳри Душанбе 20 адад ва дар шаҳри Хуҷанд 2 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифода қарор дода шуда, дар назар аст, ки то охири сол шумораашон ба 55 адад расонда шавад, иттилоъ дод сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотии имрӯза ба хабарнигорон.
Зикр гардид, ки дар 3 соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯи минтақа , инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети собит (ноқилӣ) ба нақша гирифта шудааст.
 
Ёдовар шуданд, ки таъмини хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи неруи барқ маҳдуд аст, ҷойҳое, ки дар ҳолатҳои садамавии неруи барқ қарор доранд, харидорӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ, дастрас, насб ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадили онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳаи алоқа қарор дода шудааст.
Фарзона Восеева
Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 47)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон