БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ИҚДОМИ МАЪРИФАТБАХШИ ТҶБ “ИСТИҚБОЛ”

Хабарҳо

 Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маъмурияти ТҶБ “Истиқбол” зиёда аз 100 намуд китобҳои рангину мунаққаш, ҳикояву афсонаҳои тозаю бозиҳои аҷиб ва тезгӯяку чистонҳои шавқовар, қиссаҳои ҷолибу хонданиро бо арзиши аз 5 то 10 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд. Омӯзгорону волидон, хонандагону кӯдакони огоҳ аз ин иқдом рӯҳбаланд шуда, китобҳои писандидаи худро дастрас намуданд. Аз ҷумла кормандони Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон низ ба дӯстрӯякони худ гавҳарҳои бебаҳои маъниро хариданд.

Ҳамзамон як зумра кормандони филиалҳои китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Турсунзода низ ба Шарқи Озод ташриф оварданд, то аз ин тахфифи бесобиқа баҳравар гарданд.

Кӯдакон бештар ба китобҳои гуногуннамуд ва серранг таваҷҷӯҳ доштанд. Чунин китобҳо дар баробари маърифатбахшӣ завқи эстетикии кӯдаконро низ тарбия менамоянд. Ҷолибтар он аст, ки расмҳои гӯё ва сифати олии китобчаҳои кӯдакона муҳаббати хонданро дар дили тифлакони синни хурди мактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ парвариш мекунанд ва ба ин васила китобдӯсту китобхон ба камол мерасанд. Муассис ва мудири ТҶБ "Истиқбол" шоири тавоно ва адиби дӯстдоштаи бачаҳо Латофат Кенҷаева ба онҳое, ки китоби бештар хариданд, шахсан китобе туҳфа намуданд, ки боиси болидарӯҳии талабгорони маънавият буд.

Қобили зикр аст, ки ингуна иқдомҳо дар баланд бурдани сатҳи маърифат ва китобдӯстии насли наврас саҳми арзанда мегузоранд.

М.НАЗИРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон