БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳаёт бидуни зӯроварӣ”. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид  

Хабарҳо

       «27 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ” доир гардид.      

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода, сарходими илмии Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, профессори кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатӣ Гавҳар Шарофзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мижгона Бобоҷонзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатӣ Зулфия Аҳмадзода, сармуҳаррири нашрияи “Народная газета” Маҳбуба Камолова, вакилони шаҳрӣ, бонувони фаъол, масъулони воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе, кормандони мақомотҳои қудратӣ, кор бо занон ва оила, САҲШ, намояндагони ВАО ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

         Дилбар Одилзода, Гавҳар Шарофзода, Дилрабо Маҳмашарифзода ва Мижгона Бобоҷонзода роҷеъ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, баробарҳуқуқии мардон ва занон, мавқеи хонавода дар ҷомеа, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ, баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷиби оиласолорӣ ва ғайра суханронӣ намуданд.    

         Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2025 – 2027 оид ба амалисозии “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030” роҳандозӣ гардида, коҳиш додани хушунати хонаводагӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа аз ҳадафҳои асосии чорабинӣ маҳсуб меёбад.

 

                                                                                     Ситора Ашӯрова,

“Бонувони Тоҷикистон”

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 31)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон