Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ВА ҲАМКОРӢ БО ЮНЕСКО
ХабарҳоСоли 2025 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим ва номинатсияи миллии «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул карда шуд. Дар ин зимн, эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва қабули қарор дар бораи бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ (солҳои 2026–2027) далели ҷойгоҳи хоси фарҳанги тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд.
Гулшан Ҷӯразода
Мубодила:
Шарҳҳо











