Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар вилояти Хатлон
ХабарҳоШараф Чиллазода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030 ва нақшаҳои татбиқи он барои солҳои 2021-2025, нотариусҳои давлатӣ 1577 чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронидаанд, ҳамчунин, дар ин давра кормандони бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошанд 1342 суҳбату вохурӣ ва дигар корҳои фаҳмондадиҳро анҷом додаанд.
- Дар умум, Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва дигар воҳидҳои сохтории он бобати иҷрои Барномаи мазкур дар баробари чорабиниҳои оммафаҳмонӣ, ҳамзамон, тариқи воситаҳои ахбори омма ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии Раёсати адлияи вилояти Хатлон матлабу гузоришҳои дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқиро пешкаши мардум намуданд.
Соли 2025 дар вилояти Хатлон 24 ҳазору 292 сабти никоҳ ба қайд гирифта шудааст,ҳамзамон дар ин давра 1 ҳазору 950 ҳолати бекор гардидани ақди никоҳ сабт карда шудааст.
Дар ин давра 105 959 сабти таваллуд, 24 ҳазору 292 сабти никоҳ, 11 ҳазору 900 сабти вафот, 1 ҳазору 950 бекоркунии ақди никоҳ, 23 ҳазору 373 муқаррар намудани падарӣ ва 18 ҳазору 970 иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба қайд гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки аз ҳисоби амалиёти нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар хизматрасониҳои адлия ба буҷети давлат зиёда аз 67 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон
Мубодила:
Шарҳҳо










