БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид

Хабарҳо

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июни соли равон намоиши муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин» ифтитоҳ гардид.

Дар оғози чорабинӣ  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сзи Шумин ва директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Санъаткорону ҳунармандон аз ду кишвари дӯсту ҳамсояи Тоҷикистону Чин, намояндагони ВАО, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дӯстдорони санъати тасвирӣ дар намоиш мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ва мусаввараю намунаҳои ҳунари хаттотии Чинро тамошо карданд.

Дар намоиш 50 адад мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, 21 адад мусаввара ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба намоиш гузошта шуда буданд.

Рассомони чирадасти тоҷик бо рангҳои гарму рӯшан симои занони кишварро барҷаста тасвир намуда, бо офаридани образҳои дурахшон диққати тамошобинони чиниро бештар ҷалб намуданд.

Осори ҳунарии пешниҳодгардида, ҳамагӣ мақому манзалат ва иффату покдамании занро дар ҷомеа таҷассумгаранд.

 

Манбаъ: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон