Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
МТМУ №129 Намунаи рушди маорифи муосир дар пойтахт
Илм ва маорифДар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардид. Бо ташаббус ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ин самт ба яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Дар ин давра садҳо муассисаҳои таълимӣ таъмиру таҷдид гардида, даҳҳо мактабҳои нав бо шароити муосир бунёд шуданд. Барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир такмил ёфта, усулҳои нави педагогӣ дар раванди таълим ҷорӣ гардиданд. Омӯзгорон пайваста сатҳи касбии худро баланд бардошта, хонандагон ба донишҳои замонавӣ дастрасӣ пайдо намуданд.Ҷорӣ гардидани технологияҳои иттилоотӣ ба раванди таълим имконият дод, ки сифати таҳсил боло рафта, шавқи хонандагон ба омӯзиш бештар гардад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз намунаҳои барҷастаи чунин пешрафтҳо мебошад. Ин муассисаи таълимии замонавӣ дар маҳаллаи Сомонӣ ҷойгир буда, аз калонтарин таълимгоҳҳои пойтахт ба ҳисоб меравад. Аввалин хишти бинои он соли 1960 гузошта шуда, барои 620 хонанда пешбинӣ гардида буд. Бо гузашти солҳо ва афзоиши аҳолӣ шумораи хонандагон ба 1737 нафар расида, таълим дар се баст ба роҳ монда мешуд.Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 корҳои таъмиру таҷдиди синфхонаҳои кӯҳна ва бунёди бинои нав оғоз гардида, 15-уми августи соли 2025 бинои нав бо шароити муосир мавриди истифода қарор гирифт.
-Имрӯз мактаб 2669 нафар хонандаро фаро гирифта, таълим ин ҷо дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар ихтиёри хонандагон 37 синфхонаи муҷаҳҳаз, 11 ҳуҷраи корӣ ва кабинетҳои махсуси фанҳои химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияҳои иттилоотӣ қарор доранд. Ҳамчунин, ин ҷо Маркази инкишофи кӯдак фаъол буда, ҳамасола 100 кӯдак ба синфи якум омода мешавад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи тайёрии кӯдакон ба таҳсил мусоидат менамояд. Ҳамаи ин шароитҳо ба рушди зеҳнӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон кӯмак мерасонад, — иброз намуд Дилбар Бобозода.
Дар муассиса ду намуди китобхона — анъанавӣ ва электронӣ амал мекунад, ки дастрасии хонандагонро ба адабиёт ва манбаъҳои электронӣ таъмин месозад. Наздик ба 60 компютери ба шабакаи интернет пайвастшуда, толори варзишии муосир, маҷлисгоҳ бо 360 ҷойи нишаст, ошхона бо 250 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон муҳайё гардидаанд. Дар мактаб 82 нафар омӯзгор фаъолият дорад, ки аксари онҳо бонувонанд. Аз ҷумла, 5 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба дар самтҳои риёзӣ ва гуманитарӣ ба хонандагон дарс мегӯянд.
Дар муассиса ба сифати таҳсили хонандагони зинаи ибтидоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, зеро маҳз дар ҳамин зина асосҳои дониш, малакаҳои хондану навиштан ва ҷаҳонбинии ибтидоии хонандагон ташаккул меёбад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва технологияҳои иттилоотӣ кӯшиш менамоянд, ки дар хонандагон шавқу рағбат ба омӯзишро аз рӯзҳои аввал бедор намоянд. Дар натиҷа, сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ сол ба сол беҳтар гардида, онҳо дар озмунҳои фаннӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин, маҳорати хондан, фикрронӣ ва суханварии онҳо назаррас рушд ёфта, заминаи устувор барои идомаи таҳсил дар зинаҳои баъдӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар баробари ин, хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Зикриоллоҳ Ҳакимов ғолиби ҷойи сеюм дар озмуни «Математикаи Ангкор 2025» миёни хонандагони синфҳои 5–6-ум, Карим Абдураҳмонзода ва Абдувосит Наҷмиддинзода, хонандагони синфи 11-ум, гирандагони ҷойи сеюм дар даври шаҳрии олимпиадаҳо аз фанҳои химия ва забони англисӣ мебошанд.
Ҳамзамон, дар муассиса ба рушди маънавӣ ва фарҳангии хонандагон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо ин мақсад мунтазам озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Аламуродова Сафина, хонандаи синфи 10, яке аз иштирокчиёни фаъол буда, дар даври мактабии озмуни «Шоҳномахонӣ» ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ ноил гардид.
— Иштирок дар чунин озмунҳо барои ғанӣ гардондани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорати суханварӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон аҳамияти калон дорад, — мегӯяд Сафина.
— Барои беҳтар намудани сифати таълим як қатор фанҳои таълимӣ, минҷумла забонҳои русӣ, англисӣ, технологияи меҳнат ва иттилоотӣ ба зергурӯҳҳо ҷудо шуда, хонандагон бо шароити беҳтарин таълим мегиранд. Ҳамчунин, барои хонандагони фаъол ва хоҳишманд машғулиятҳои иловагӣ ба таври ройгон ташкил карда мешаванд, — афзуд Дилбар Бобозода.
Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидашуда низ гувоҳи пешрафти муассиса мебошад. Агар дар соли хониши 2024–2025 46 нафар хатмкунанда ба мактабҳои олии кишвар дохил шуда бошад, пас дар соли хониши 2025–2026 ин нишондиҳанда ба 86 нафар расид.
Роҳбарият барои таҳкими ҳамкории мактаб бо оила низ тадбирҳои муассир меандешад. Татбиқи усули «Хона ба хона», ки барои назорати давомоти хонандагон ва баланд бардоштани масъулияти волидон мусоидат менамояд, намунаи ин чорабиниҳо мебошад.
Бо чунин шароити мусоид, имкониятҳои фарох ва заҳмати пайвастаи омӯзгорону роҳбарият, МТМУ №129 имрӯз ба яке аз муассисаҳои намунавии пойтахт табдил ёфтааст. Ин боргоҳи маърифат на танҳо дониш меомӯзонад, балки насли худогоҳу ватандӯстро тарбия мекунад. Бешубҳа, рушди минбаъдаи чунин муассисаҳо омили асосии пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони кишвар ба шумор меравад.
Гулшан Ҷӯразода,
ноҳияи Фирдавсӣ
Мубодила:
Шарҳҳо













