БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муҳандиси руҳи инсон

Илм ва маориф

Омӯзгор, ба қавли бузургон, муҳандиси равони инсон аст. Тавре муҳандис нақша ё ягон кореро созмон медиҳад, муаллим низ чароғи ақл, олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд.

 

Бале, баъди суҳбат ба омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Зафаробод Наргис Сиддиқова ин гуфтаҳо тасдиқи худро ёфтанд. Наргис дар давоми суҳбати чандлаҳзаина дар соҳа, тарбияи дурусти шогирдон, омода намудани онҳо ба озмунҳои гуногун фикрҳои ҷолибе баён дошт. Ӯ мегӯяд, ки дар ин даргоҳи дониш маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накукор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фарҳангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷо асту тифлакон бофарҳанг ба камол мерасанд, зиндагии худро рангин месозанд.

Наргис, ки аз дудмони омӯзгор ба камол расида буд, дар вуҷудаш, зеҳнаш, дар хунаш хислатҳои хуби омӯзгори асил шараён дорад. Бо меҳр сухан мегӯяд, аз устодони даврони дабистон, хотираҳои неки донишҷӯӣ, аз меҳру муҳаббат ба шогирдони навбараш. Бале, бо меҳру муҳаббат мегӯяд аз падари омӯзгораш Исмат Сиддиқов, ки Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз модари равоншодаш Соро Сафарова, ки дар вуҷуди фарзанд меҳру муҳаббати ин пешаи нодирро бо дуои нек мақом дод.

Барои Наргис касби омӯзгорӣ меросист. Аз ин рӯ, пайваста мекӯшад, то ҷаҳони худ, дониши худро такмил диҳаду дар вуҷуди шогирдон муҳаббат ба илму маърифатро ҷой намуда, вуҷудашонро бо пираҳани дониш зинат диҳад. Шогирдонро тарбия мекунад, ки меҳрашон ба шеърӯ шоирӣ зиёд буда, ҷаҳонашон аз илму дониш, ашъори пурғановати мардуми тоҷик зебо мегардад.

 

Ибтидои зиндагӣ

Наргис зодаи деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич буда, 28-уми июни соли 1984 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш омӯзгори собиқадор ва модари равоншодаш низ омӯзгори синфҳои ибтидоии дабистони деҳаашон буданд. Аз ин рӯ, аз зодмандони кордон сабақи зиндагӣ гирифта, давомдиҳандаи кору пайкори онон шуд.

Соли 2002, пас аз хатми дабистони №15-уми ноҳияи Деваштич дар равияи гуманитарии ҳамин дабистон таҳсил намуд. Соли 2004 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, факултаи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ таҳсили худро идома дод. Пас аз хатми ин кошонаи маърифат ӯро рост омад, ки ба зодгоҳаш баргашта, дар мактаби №15 фаъолияти кории худро оғоз намояд.

Ӯ тасмим гирифт, ки содиқ ба касб бошаду омӯзгори асил. Аммо барои омӯзгори эҷодкору навовар шудан бисёр заҳмат кашидан лозим омад. Пайваста мехонд, ҷустуҷӯ мекард, аз таҷрибаи волидон бо суолҳо истифода менамуд. Шояд фарзанди омӯзгор буданаш сабаб шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ қатори устодони соҳибтаҷриба қомат афрохт. Пайваста ҷустуҷӯ мекард, то аз сирру асрори омӯзгорӣ бохабар бошад.

Соли 2012 тасмим гирифт хониши худро давом диҳад. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд супурд ва соли 2017 онро бо баҳои аъло хатм кард. Соли 2014 бо сабабҳои оилавӣ ба ноҳияи Зафаробод кӯчиданд.

Зафаробод

Фаъолият дар мавзеи нав, дар дабистони нав ӯро боз ҳам сермаҳсул гардонд. Кӯдакони маъсум, ки ташнаи омӯзиш буданд, боз ҳам ғайрати ӯро дучанд мекарданд. Аз он дам то имрӯз дар ин даргоҳи илму маърифат фаъолият дорад. Шояд таъсири зодмандон аст, ки шогирдонро дӯст медорад.

Наргис дар мактаби №1-уми ноҳияи Зафаробод ба фаъолият пардохта мекӯшад, то қалби кӯчаки шогирдонро ба хондану навиштан, андӯхтани дониш гарм созад. Ононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, ба камол расонад.

Ниҳолони навбари Наргис имрӯз самар оварда истодаанд. Шогирдонаш дар озмунҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзида, дониши худро боз ҳам сайқал медиҳанд.

Наргис Сиддиқова дар бораи ба ин соҳаи ҳаётан муҳим андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соҳаи маориф ба куллӣ тағйир ёфт, дар ҷомеа ҳамчун соҳаи калидӣ шинохта шуд.

Имрӯз эҳтироми омӯзгор дар ҷомеа баланд шудан дорад. Бале, маҳз шогирдони Наргис ва худи муаллим дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзанд. Ӯ дар суҳбат иброз дошт, ки иштирок дар Озмун, хоҳ ғолиб ояд, хоҳ не, барои баланд бардоштани маънавиёти худи хонанда мусоидат мекунад.

Меваҳояш самар оварданд

Дар бораи шогирдон бо муҳаббат сухан мегӯяд. Имрӯз чор шогирди ӯ аз рӯи меҳру муҳаббате, ки ба устоди худ доштанд, пайраваш гашта, касби омӯзгориро интихоб намуданд. Бону Наргис ба шогирдон аз оғоз, аз синфи ибтидоӣ азбар кардани ашъори шоиронро омӯхта, барои онҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ замина мегузорад. Шогирдони зиёдаш иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳастанд. Соли чорум аст, ки ӯ низ дар ин Озмун, дар номинаи адабиёти муосири тоҷик ширкат варзида, ният дорад, ки дар зинаҳои сатҳи баланди он маҳорати суханварӣ санҷад.

Муаллим – кишоварз

Сарманшаи дастоварди Наргис ин мушкилнописандиаш аст. Дар ноҳия ба хубӣ медонанд, ки Наргис Сиддиқова дар ҳар ҷода муваффақ аст: ҳам ҳамсари содиқ, ҳам модари меҳрубон, омӯзгори асил ва ҳам кишоварзбонуи меҳнатқарин.

Наргис фасли тобистон ҳамроҳи фарзандон дар замини хоҷагии деҳқонии «Ойгул» кор карда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва иқтисодиёти хонавода саҳм мегузорад. Дар ноҳияи Зафаробод ҳам дар бораи оилаи аҳлу тифоқи ин бонуи соҳибмаърифат ҳама медонанду эҳтиромаш мекунанд.

Дар боғи муҳаббати Наргису Муҳаммадшариф панҷ ниҳолак ба воя мерасад, ки ҳамаи онҳо баҳри баланд бардоштани зиндагии шоиста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

                                                                        Гулҷаҳон Маҳкамова,

                                                                           ноҳияи Зафаробод

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 27)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон