Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Подоши амал –муҳаббати халқ
Илм ва маорифЁқубӣ Мақсуда Шарофзода касби пурифтихори омӯзгориро пеша карда, дарозои беш аз сӣ сол ба шогирдон дарси вафодориву садоқат омӯхт. Ӯ зодаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич аст. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и зодгоҳ, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд. Дар бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик хонд. Бо диплом соли 1991 ба зодгоҳ баргашт, директори МТМУ №1, ҳамоне ки даҳ сол Мақсудаву ҳамсолонашро парварда буд, ӯро ба кор гирифт. Ҳамон таълимгоҳ, ҳамон синфхона, ҳамон устодон, вале ӯ акнун на ба сифати хонанда, балки ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик бояд фаъолият барад.
Омӯзгори навкор роҳу усулҳои гуногуни тадрисро барои хонандагон меҷуст, аз муаллимони соҳибтаҷриба мепурсиду меомӯхт ва сабақҳои онҳоро сармашқи кори худ қарор медод.
Солҳо паси сар шуданд. Мақсуда Ёқубӣ акнун дар кӯраи маорифу илм обутоб ёфта буд. Кори худро нағз медонист, ба шогирдон бо муҳаббат сухан мегуфт, аз навгониҳои соҳа ҳамеша хабардор буд, дарсҳояшро хонандагон бесаброна интизор мешуданду ҳампешагон лаёқати роҳбариро дар ӯ бармало медиданд. Пас аз 20 соли омӯзгорӣ ӯро муовини директор оид ба корҳои таълим интихоб карданд. Вай, ҳамзамон, дар Гимназияи №1-и ноҳия ба шогирдон дарси алифбои ниёгон мегузашту онҳоро бо мероси ғании шуарои классику муосир — Ҳофизу Камол, Саъдиву Хайём, Фирдавсиву Рӯдакӣ, Айниву Турсунзода, Лоиқу Фарзона ошно месохт.
Маҳорати ташкилотчигӣ, ҷӯяндагиву навоварии ин бонуи фидокор аз назари роҳбарият дур намонд. Ӯро ҳамчун сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД ноҳияи Деваштич пазируфтанд. Дӯстдори кӯдакон ва наврасон, ки буд, барои ҳимояи онҳо ҳеҷ чизро дареғ намедошт. Гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад» — ро сармашқи кори худ қарор дод. Пеш аз ҳама, ба саломатии кӯдакон диққат медод. Ҳуқуқҳои онҳоро аз рӯи қонунҳои амалкунандаи мамлакат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва ғайраро асос намуда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, модару кӯдак чораҳои судманд меандешид.
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич акнун ин бонуи чашмикордонро дар баробари бонуи меҳрубону ғамхор ва ташкилотчиву навовар будан, ҳамчун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Ҳангоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб — 2001» ӯро ҳамчун ровӣ шинохтанду ба овози марғуладораш аҳсант хонданд. Баҳои аъзои ҳакамон дар пойтахти кишвар бошад, барояш сазовортарин ҳисобида мешуд.
Мардум бо эҷодиёти бонуи эҷодкору донишманд, рӯзноманигори соҳибтаҷриба Ёқубӣ Мақсуда Шарофзода бо баробари нашри нахустин китобаш бо ҳамроҳии таърихшинос Н. Маҳкамов «Нахустин боргоҳи маърифат», ки ба таъсисёбӣ ва фаъолияти нахустин мактаб дар ноҳия бахшида шуда буд, ошно гаштанд. Соли 2010 китоби дигаре аз ҳаёт ва фаъолияти омӯзгорони беҳтарину пешқадами ноҳия таҳти унвони «Машъалафрӯзони боргоҳи маърифат» аз чоп баромад, ки муаррифгари муаллифи он гардид.
Мақсуда Ёқубӣ бонуи ташкилотчиву чашмикордон аст. Ҳеҷ як чорабинии сатҳи ноҳиявӣ бе иштироку маслиҳати ӯ намегузарад. Боиси сарфарозиву саодатмандист, ки вай борҳо дар тантанаҳои вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд (соли 2003), тантанаҳои ҷашнии таҷлили 15-солагии Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мулоқоти ҳамасолаи Сарвари давлат бо кӯдакони ятими вилояти Суғд ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ ширкат варзида, мардуми меҳнатқарини ноҳияро ба аҳли кишвар шиносондааст.
Мақсуда Ёқубӣ аз омӯзиш даст накашидааст. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Барои баланд бардоштани савияи дониши хеш борҳо аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, сатҳи дониши худро баланд бардоштааст. «Ҳар меҳнатро подошест», гуфтаанд. Сипосномаҳоеро, ки Мақсуда Шарофзода ба даст овардааст, бешуморанд.
Гулҷаҳон Маҳкамова,
ноҳияи Деваштич
Мубодила:
Шарҳҳо










