Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳар ҷо ки буд, намуна буд
Илм ва маорифУнвони матлаб танҳо хулосаи ман не, балки баҳои онҳост, ки ӯро мешиносанду ба кору пайкораш ошноянд. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун низ ӯро сутуданд ва моро то назди ӯ роҳбаладӣ ҳам намуданд.
Муқаддас зодаи шаҳри нурофарон буда, 45 сол аст, ки ҳаёти осоиштаи худро бо мардуми ҳамин маҳал сипарӣ мекунад. Бо донишу заковати воло, тарбияи гирифтааш аз зодмандон дар мактабу дар кӯча ва миёни ҳамсинфон бартарӣ дошт. Ба кори модар, ки момодояи номӣ буд, таваҷҷуҳ мекард.Бо иллати ҳаводиси солҳои 90-уми асри ХХ тавони то пойтахт омадану идомаи таҳсилро надошт. Аз ин рӯ, ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ҳуҷҷат супурда, чун донишҷӯи фаъол шинохта шуд. Ҳамон сол дар заминаи беморхонаи шаҳри Роғун филиали Коллеҷи мазкурро таъсис доданд, ки 20 нафар духтари деҳоти атроф ба он ҷалб шуд.
Ғамхории навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири он буд, ки нахуст духтарони маҳаллӣ соҳибкасб шаванд. Баъдан ҳамон шабу рӯз мутахассисони аксари соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи тиб, тарки кору қисме аз ҷумҳурӣ фирор ҳам намуда буданд. Албатта, ҷойи онҳоро бо насли ҷавон пур кардану ба халқ хизмат расондан рост меомад, - ба хотир меорад он рӯзҳоро Муқаддас Рамазонова.
Аммо имрӯз Муқаддас ҳамшира не, муаллим аст, омӯзгори фидоӣ ба касбу кори хеш ва соҳибэҳтироми як маҳал, ки бо донишу ғайрати ҷавонӣ зина ба зина вазифаҳои гуногунро дар шаҳри Роғун иҷро намудааст.Суҳбати мо бо ӯ дар саҳни барҳавои Коллеҷи техникӣ-муҳандисии шаҳри Роғун доир шуд, ки бе муҳобот миёни чандин суҳбатҳои доиршуда бо бонувони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар симои Муқаддас зиёд хислатҳои накуеро кашф кардам. Бонуи хушгуфтору хушрафтор, модари ғамхору меҳрубон барои фарзандон, роҳбари кордону ташаббускор ва ҳар ҷо, ки кору вазифа дошт, пуштибону ёвари ҳамкорон буд.Пас аз во шудани даричаи ошноӣ чанд саволеро ба ихтиёраш мегузорам.
– Пешаи модар, яъне ҳамшираи шафқатро ихтиёр кардеду имрӯз муаллим ҳастед?
– Мо дар оила ҳашт нафар ба воя расидем, ки миёни писарон ягона духтар будам. Бинобар ин зодмандон дар қатори писарон маро ҳам пайваста таъкид мекарданд, ки таҳсилдида бошам. Солҳои донишҷӯӣ дар аксари чорабиниҳои шаҳри Роғун фаъолона иштирок менамудам. Коллеҷро бо баҳои аъло хатм намудаму роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуданд, то таҳсилро дар курси дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино идома диҳам. Аммо бо хоҳиши падар ба Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудам. Соли 2006 дар МТМУ №1-и шаҳри Роғун аз рӯи ихтисос ҷойи кор ёфтам. Чун соҳибкасб шудам, бо пешниҳоди волидон оиладор шудам.
– Яъне, интихобро ба дӯши зодмандон гузоштед?
– Бале, падару модари ман коргари одӣ буданд, аммо аз аҳли адабу ҳунар камӣ надоштанд. Табиат ва муҳити хонаводагӣ зиёӣ буд. Мо ҳамаи ҳашт фарзанд кам рӯзе мешуд, ки баробари дарсҳо чанд саҳифа китоби бадеӣ нахонему луғати забони русӣ наомӯзем. Хушбахтона, зиндагии осуда бо шавҳар моро соҳиби се фарзанд намуд, ки онҳо ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ намунаанд.
– Таҷрибаи омӯзгориатон зиёд аст?
– Не, ҳамагӣ чанд соле. Баъд ба шуъбаи маориф даъват намуданд, ба вазифаи мушовир оид ба фанни забон ва адабиёти тоҷик. Ин ҷо бештар бо муаллимони ҷавон кор гирифтану дигар вазифаҳои шуъба, аз ҷумла ташкили озмуну олимпиадаҳоро мудир бароям бовар менамуд. Ҳамоно ташкили чорабиниҳо дар сатҳи даркорӣ раиси шаҳрро хуш омад, ки соли 2015 ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ба вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа пазируфта шудам. Пас аз як соли фаъолият Билол Иброҳим тавсия дод, ки бинобар ба ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр ошно будану бонувонро ба кору хониш ҷалб намудан, мудири бахши занон ва кор бо оиларо дар назди мақомоти маҳаллӣ ба дӯш гирам. Боварии раисро дар замин нагузоштам. Беш аз 7 сол бахши занони шаҳри Роғун аз фаъолтарин бахшҳо дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ҳамасола баҳогузорӣ мешуд. Бонувони маҳаллӣ ба гирифтани грантҳо имконият пайдо намуда, соҳибкорӣ миёни занон рушд кард. Духтарони соҳибзавқ ба таҳсилоти олӣ фарогир ва бонувони хонашин ба аз худ намудани ҳунарҳои гуногун мароқ зоҳир намуданд, ки қисме барои худ ҷойи кор ёфта, қисми дигар дар хона маҳсулот истеҳсол намуда, дастранҷашонро ба бозор мебароранд.
– Баъдан баргаштед боз ба омӯзгорӣ?
– Ибтидои соли 2023 корро дар Коллеҷи техникӣ-муҳандисӣ оғоз намудам, аввал ҳамчун сардори шуъбаи таълим, баъдан декани шуъбаи рӯзона будам, аз соли 2024 муовини директор оид ба тарбия ҳастам. Ба қавле, ҷоест ҳадафманд барои бароварда намудани хоҳишу хостаҳои худам. Бо падару модарони муҳассилини муассиса ҳамеша дар иртиботам. Деканҳои факулта ва роҳбарони ҳар гурӯҳро таъкид менамоям, ки аз давомоти бачаҳо пайваста зодмандонашонро огоҳ созанд. Дар Коллеҷ 271 нафар ҷавон таҳсил дорад, 34 нафари онҳо духтарони шаҳри Роғун ва ноҳияҳои наздиканд. Донишҷӯён аз рӯи се ихтисос: геодезия дар сохтмон, неругоҳҳои барқӣ ва сохтмони саноатию шаҳрвандӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона тариқи буҷетию шартномавӣ таълим мегиранд. Бештари хатмкунандагони муассиса, хусусан духтаракон бо гирифтани диплом ва ихтисосҳои зарурӣ ба НБО «Роғун» сафарбар мешаванд.
Дар баробари таълими фанҳои ихтисосӣ, донишҷӯёни Коллеҷро ба озмунҳои ҷумҳуриявию чорабиниҳои шаҳр ҳамеша ҷалб менамоем. Нилуфар Сайидаҳмадзода дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» сазовори ҷойи аввал, дигарон дар озмунҳои «Шоҳномахонӣ» ва «Кадбонуи беҳтарин» ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм мушарраф гардиданд. Тайи се соли фаъолият мутмаин гаштам, ки таълиму тарбия дар Коллеҷи техникӣ-муҳандисии шаҳри Роғун дар маҷрои зарурӣ қарор дорад.
Рустами НАЗИР,
Душанбе – Роғун
Мубодила:
Шарҳҳо











