БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Самараи ояндасозиҳо аз оинаи маориф

Илм ва маориф

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамрадифи бунёдгузории биноҳои замонавӣ, азнавсозии роҳу ҳусноороии кӯчаву хиёбонҳо, ҳамзамон, дар шаҳри Бохтар иншооти соҳаи маориф симои наву замонавӣ пайдо карда истодааст, то наврасону ҷавонон дар муҳити озодаву беҳтарин шароитҳо таълиму тарбия ёбанд. Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои солиму имкониятҳои баҳраварӣ аз муҳити фарҳангӣ дар шаклгирии афкор ва ҳисси зебопарастиву озодманишии насли ояндаи мо нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Дар масири татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ, маҳз соҳаи маориф ҳамчун рукни муҳими рушди ҷомеа ва давлат, дар меҳвари ташаббусҳои ободонӣ қарор гирифта, бо муҳайё гардидани беҳтарин имкониятҳои илму ҳунаромӯзӣ, сатҳи саводнокии насли наврас боло рафта, аз сӯи дигар, омӯзгорон низ ҷиҳати такмили касбият ва иҷрои содиқонаи рисолати хеш ҷаҳди бештар хоҳанд дошт.

Бино бар маълумоти Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни фархундаи миллӣ бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, ки ба мактабу синфхона ва кӯдакистонҳо ниёз доранд, бунёди 6 муассисаи таълимӣ ва 9 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар зимн аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сохтмони бинои иловагии МТМУ №8 иборат аз 15 синфхона бо фарогирии 320 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

— Инчунин, дар доираи иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2027 ва нақшаи амалигардонии он дар маҳаллаҳои Ҳоҷишариф, Ғайрат ва Дӯстии шаҳр сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон сохтмони муассисаи таълимии маҳаллаи Дӯстӣ оғоз гардидааст.

Феълан, бо нишони ҳамовозӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, соҳибкорони ватандӯст низ ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва фароҳам овардани беҳтарин имкониятҳо барои илму забономӯзии насли ояндаи мо иқдом гирифта истодаанд. Ифтитоҳи Муассисаи давлатии Мактаби хусусии инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар, ки соли 2021 бо иштироки Президенти кишвар ба фаъолият оғоз намуд, намунае аз ташаббусҳои ояндасози соҳибкорони ватанӣ мебошад.

Дар таълимгоҳи муосиру муҷаҳҳаз бо ашёву таҷҳизоти замонавӣ, ки беҳтарин омӯзгорони аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд, машғулиятҳо, аз ҷумла дарси фанҳои дақиқ бо забони англисӣ сурат мегиранд. Ба гуфти Абдусалом Раҷабов, директори Мактаби хусусии инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар, нақшаи таълимӣ барои фанҳои дақиқи муассисаро, ки Маркази таълимию методии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ намудааст, аз муассисаҳои олии таълимии Кембриҷ ва Оксфорд дастрас намудаанд.

— Яке аз омилҳои афзоиши талабот ба мактаби мазкур ин аст, ки дар ин ҷо шуруъ аз синфи якум таълими фанҳо бо забони англисӣ ҷараён меёбад. Аз ин лиҳоз, аз 729 талаба, аз ҷумла 119 нафар духтар, беш аз 50 дарсади онҳо забони англисиро хуб мефаҳманд ва 30 дарсади шогирдони мо лисони хориҷиро дар сатҳи муошират ҳифз намудаанд, — ироа медорад Абдусалом Раҷабов.

Мактаби инноватсионӣ бо зарфиятҳое ба мисли дар сатҳи аъло омӯхтани забони англисӣ, истифода аз усулҳои муосири таълим, таҳрики маҳорату зарфиятҳои нокушодаи шогирдон ва тавони рушду сайқали ҳунару истеъдоди онон аз дигар муассисаҳои таълимӣ бартарӣ дорад. Гузори ҳамагӣ 5 соли фаъолият аллакай хонандаи синфи 11-и мактаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори медали тилло гардид, ки ин аз сатҳи таълиму тарбия дар ин дабистон дарак медиҳад. Бо мақсади ташаккули маърифати китобхонӣ маъмурияти мактаб реҷаи махсусро ҷорӣ намудааст, ки ҳар хонанда рӯзе 25 дақиқа ба мутолааи адабиёти бадеӣ ҷалб мегардад ва таҷриба собит намудааст, ки дар рафти 2–3 ҳафтаи хониш аллакай наврасон бо завқу хоҳиши худ машғули китобхонӣ мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки санъати рассомӣ сарчашмаи тавлиди идеяҳои кӯдакона ба ҳисоб рафта, ба ин хотир барои таълими ин фан як тан аз омӯзгорони хушсалиқаи вилоят ба кор ҷалб шудааст. Ҳамзамон, бо инобати талаботи шаҳр ба кӯдакистонҳои замонавӣ моҳи декабри соли 2025 дар заминаи Мактаби хусусии инноватсионӣ муассисаи таҳсилоти томактабии муҷаҳҳаз бо боғчаву майдончаҳои фароғатӣ ва маҷмааи тафреҳии кӯдакона ба фаъолият оғоз намуд, ки айни замон 50 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтааст.

Аксарияти тарбиягирандагон фарзандони хизматчиёне мебошанд, ки дар мамолики гуногуни ҷаҳон кору зиндагӣ карда, забонҳои хориҷиро балад мебошанд.

Фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз ҳадафҳои муҳиму пайваста мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин росто, дар шаҳри Бохтар низ сол аз сол теъдоди боғчаҳои кӯдакона афзуда истодааст. Ба иқрори мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шоиста Абдуназарзода, дар асоси Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 дар шаҳри Бохтар 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

— Дарвоқеъ, рушду ободонӣ ва мутобиқсозии муҳити таълиму тарбия дар ташаккули афкори насли оянда таъсири муҳим мегузорад. Чаро ки тарбияи эстетикии кӯдак аз муассисаи томактабӣ, минбаъд аз таълимгоҳҳои ибтидоӣ оғоз меёбад ва итминони комил дорем, ки иқдомҳои бузурги ободониву ояндасозиҳо раванди донишандӯзии хонандагонро тақвият бахшида, насли ояндасози моро ба покизагиву некандешӣ ва амалҳои хайру эҳсонкорӣ ҳидоят месозад.

 

Дар радифи ташаббусҳои созандагиву бунёдгарӣ соли хониши 2025–2026 барои маорифчиёни шаҳри Бохтар соли таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро хонандагону омӯзгорон аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосии соҳаи маориф — иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, олимпиадаҳои байналмилалӣ ва аттестатсияи аълои равиявӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Дар ин давра мактабиёни шаҳри Бохтар аз олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби 150 медал гардиданд, ки бо ин нишондиҳанда шуъбаи маорифи шаҳри Бохтарро дар радабандии панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷойгузин намуд. Дар ин баробар, хонандагони мактабҳои Бохтар ба дарёфти 6 аттестати тиллоии равиявӣ ноил гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш як адад зиёд аст. Ҳамчунин, соли сипаригардида омӯзгори фанни химияи МТМУ №9 Ҳусейн Юлдошев дар Озмуни ҷумҳуриявии «Навовари сол» сазовори ҷойи аввал гардид, — иброз медорад Шоиста Абдуназарзода.

— Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар меъёри муайян намудани беҳтаринҳоро дорад, ки тибқи он имрӯз Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар беҳтарин муассисаи таълимии шаҳри Бохтар дониста мешавад.

Интизор меравад, ки бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, муҳити ободу зебои омӯзишӣ ва тадбирҳои дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ояндаи наздик соҳаи маориф боз ҳам пешрафтаву дурахшонтар мегардад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

      Душанбе – Бохтар – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон