Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Китобдоре Фарзона
Илм ва маорифДар солу замоне, ки таваҷҷуҳи ҳамагон ба таҳким бахшидани раванди таълиму тарбия ва маърифатнокии насли оянда равона гардида, бобати ба китобу китобхонаҳо рӯ овардани мардум тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуда истодаанд, дар садри муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан соҳаи китобдорӣ, ба ҳузури мутахассисони ҳирфавӣ, аз ҷумла бонувони рӯшанфикр ниёз дорем. Чаро ки дар марҳалаи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ китобдорӣ на як вазифаи маъмулӣ ё шуғли дӯстдоштанӣ, балки мояи баҳрамандӣ аз сарчашмаи илму адаб аст, то донишу маърифати баланд ва андешаҳои инсонпарваронаи китобдор боиси рӯ ба китобу китобхонаҳо овардани мардум гардад. Фарзона Каримова аз зумраи ҷавонони худогоҳест, ки бо дидгоҳи тозаву ғояҳои маорифпарварона дар ин ҷода гомҳои устувор мениҳад.
Бо ҳама завқу табъи баланд ба пешаи омӯзгорӣ ва сабру шикебоӣ дар гардишҳои ҳаётӣ, охиран Фарзона Каримова Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, ба хотири оғози фаъолияти касбӣ аз пойтахт ба деҳкадаи Анористони ноҳияи Дӯстӣ баргашт. Аммо МТМУ №13-и деҳаи зисташон – Боргоҳ, ба ихтисосманди соҳаи китобдорӣ бештар ниёз дошт. Фарзона, ки соҳиби ду маълумоти олӣ – омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва ҳам хатмкардаи факултети фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буд, мудирияти китобхонаи мактабиро пазируфт.
Оғози фаъолияти ӯ дар китобхонаи мактаб ба даврони ташаббусҳои бузурги ободониву созандагӣ рост меомад, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳои маҳаллӣ бунёду азнавсозӣ гардида, ҷараёни озмунҳои ҷадид аз вуқуи як таҳаввулоти бузурги фарҳангӣ дарак медод. Парвардаи хонадони соҳибмаърифат, ки дар боби муқаддасоти китоб ва нақши он дар рушду камолоти инсонӣ аз падар дарси ҳикмат омӯхта буд, мекӯшид, таваҷҷуҳи бештари хонандагонро ба мутолааи китоби бадеӣ ҷалб созад.
– Фарзанд навниҳолеро мемонад, ки ба ҳар сӯ моил шудани он аз фаҳми парастору муҳити парваришгоҳ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мактабу оила тавоноанд, ки аз насли наврас ҳар гуна шахсиятеро хоҳанд месозанд, – андешамандона изҳор медорад Фарзона Каримова. – Дар радифи иқдомҳои ободониву шаҳрсозӣ, ҷомеаи маданӣ бояд насли ояндасози худро хушбину хештаншинос ва арҷгузор ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ тарбия намояд. Инҷониб, маҳз бо ҳидояти падари хирадпешаам фаъолиятро дар ширкати номвар канор гузошта, ба илму ҳунаромӯзӣ ва идомаи таҳсилоти олӣ рӯй овардам. Гузори айём пайроҳаи касбу ҳунаромӯзӣ ноҳамвор буд, аммо аз раъйи худ барнагаштам.
Ҳарчанде Фарзона дар муҳити шаҳр ва фароҳамии беҳтарин шароитҳои таҳсилу таътил парвариш меёфт, ба хотири нигоҳубину парастории бобояш ӯро ба ноҳияи Дӯстӣ фиристоданд. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳраки Гараутӣ (имрӯза Хуррамдиёр) идома дод. Баъдан, соли 2012 донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гардида, онро бо ихтисоси фарҳангшинос хатм кард. Аз соли 2017 ҳамчун мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур фаъолият дошта, ҳамзамон, дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил мекард. Бо гирифтани маълумоти дуюми олӣ дубора ба ноҳияи Дӯстӣ баргашта, шаш сол боз мудирии китобхонаи МТМУ №13-и рустои Боргоҳро бар зимма дорад.
– Замоне, ки дар як ҳавлӣ се сунҳор ҳамроҳи хусуру хушдоманамон мезистем, падарарӯси меҳрубон розигӣ доданд, ки ба хотири идомаи таҳсилоти олӣ дар пойтахт кору зиндагӣ намоям, – ба ёд меорад Фарзона. – Шукронаи қисмат дар хонадони инсонҳои соҳибназар арус шудаам, ки монеи фаъолияти касбиам нашуда, баръакс, мисли волидонам дар такомули донишу касбиям мусоидат карданд. Ҳамакнун, орзу дорам, дар давраи рухсатии меҳнатӣ курси семоҳаи тиббиро хатм намоям, то дар ҳолати зарурӣ ба фарзандон ва аҳли хонаводаамон ёрии аввалияи тиббӣ расонам. Ин эътимоду бовариҳо бароям неруи дучанд ва хушбинӣ ба зиндагӣ мебахшанд, ки сазовори боварӣ ва номбардори хонаводаву авлодони хеш бошем.
Гарчанде аз 2200 нусха китобҳои хазинаи бадеии мактаби мо бештарашонро адабиёти бадеӣ бо забони русӣ ташкил медиҳанд, бо ворид шудани шоҳасарҳои «Тоҷикон», «Шоҳнома» ва китобҳои арзишманди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дастрасӣ ба андаке аз асарҳои тозанашри адибони тоҷик, рӯҷӯи бесобиқаи хонандагону омӯзгорон ба китобхона ба назар мерасад.
Зимнан, рӯйи кор омадани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» завқи ҷомеаро ба китобхонӣ бедор кардааст, ки сол аз сол шумори китобдӯстон афзуда истодааст. Илова бар ин, бо ташаббуси роҳбарияти муассисаи таълимӣ озмуну сабқатҳои гуногуни адабиро миёни хонандагон ва ҳам омӯзгорон роҳандозӣ карда, бо тақдими туҳфаву ҳавасмандиҳои гуногун сафи толибони каломи бадеъро зиёд карда истодаем. Умед дорем, дар соли нави хониш ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ низ фаъолият намоям ва мутмаинам, ки собиқаи китобдориам дар ҷалби кӯдакон ба мутолааи адабиёти бадеӣ ба кор меояд.
Ба пиндори Фарзона Каримова тақозои замон аст, ки барномаҳои таълимиву маърифатнокӣ ҷиҳати рушди истеъдодҳои наврасро бояд аз синну соли барвақттар оғоз намуд. «Дар ин росто, ҳамрадифи тадбирҳои муштараки мактаб ва оила дар самти боло бурдани сатҳи саводнокӣ, ҳамзамон, тарғиби кӯдакон ба мутолааи асарҳои бадеӣ дар раванди таълиму тарбия нақши муҳим мегузорад. Ба ин хотир, дар ҷамъбасти соли хониш ва пеш аз имтиҳонҳои давлатӣ, миёни хонандагони синфҳои 5–11 санҷиши “фарҳанги китобхонӣ” гузаронда, ба шогирдон аз адабиётҳои бадеӣ, ки дар соли хониш мутолаа кардаанд, пурсон мешавем. Бовар мекунед, наврасони мо баробари имтиҳонҳои давлатӣ, ба озмуну маҳфилҳои бадеӣ низ шавқу ҳаваси зиёд доранд», – иброз медорад Фарзонабону.
– Мо ба як давраи ҳаётан муҳим ва сарнавиштсози таърихӣ расидаем, ки миллат дар масири рушду ояндасозиҳо ба китобу китобхонаҳо ва баҳрабарӣ аз осору сарчашмаҳои маънавӣ рӯ овардааст. Бовар дорам, ояндаи наздик дар муҳити маънавии ҷомеа китоб ҷойи телефонро хоҳад гирифт ва ин аз азму мароми мафкурасозии дастаҷамъонаи мактабу оила ва рӯшанфикрону андешапарварони ҷомеа вобастагӣ дорад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН
ноҳияи Дӯстӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











