Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бахт дар роҳи маърифат дарёфт
Илм ва маорифУстодро саргарми мутолаа дар ҳуҷраи корӣ дарёфтам. Рӯзномаҳо дар даст машғули таҳқиқу таҳлил буданд. Лаҳзае чун аксбардор орому беҳаракат истода, аз ӯ чашм намекандам. Ниҳоят бо салому дуруд диққаташонро сӯи худ кашидам. Ҳамин тавр, суҳбати мо бо Замира Сатторова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оғоз ёфт.
— Ин рӯзномаҳо бароям хеле нодиранд, — ба бастаи рӯзномаҳо ишора намуда суханашонро идома бахшиданд. — Аз 15 давлати дунё ҳангоми анҷоми сафар ба ин давлатҳо ва, ҳамзамон, бо ёрии дӯстонам ҷамъоварӣ шудаанд. Алҳол мекӯшам бо омӯзиши ҳаматарафаи онҳо аз таърих, забон ва фарҳанг, тарзи баён ва услуби истифодаи жанрҳои журналистика дар давлатҳои хориҷӣ огоҳӣ пайдо намоям. Баъди анҷоми омӯзиш, таҳлилу баррасии матолиби рӯзномаҳо донишҷӯёнро бо кашфу бозёфтҳои тоза низ ошно гардонам, зеро амал ва усули таълимро ман аз устодонам Саодат Каримова, Марҳамат Ҳабибуллоева, Карими Шариф, Каримбой Комилов, Раъно Бобоҷонова, Илҳоми Ҷамолиён, Дилбар Самадова омӯхтаам.
Рӯзгори ибратомӯз, фаъолияти бисёрҷабҳаи бонуи пурҳунару донишманди номошно Замира Сатторова, ки байни ҳамкасбону шогирдон эҳтироми хосса дорад, воқеан шоистаи омӯзишу пайравист. Ин ҳамаро онҷониб бо заҳмату ҷустуҷӯ ва азхудгузаштанҳо дар иҷрои рисолати касбӣ молик гаштааст. Дар афрӯхтани чароғи босаодати роҳи садҳо шогирдон, ки ҳоло онҳо қадам ба роҳи нур мегузоранд, сабабгору мададгор гардидааст.
Наздик ба бист сол Замира Сатторова дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ масъулияти пурифтихори омӯзгориро ба дӯш дорад. Сарфароз аст, ки заҳмату кӯшишу талошҳояш барабас нарафтаву ҳоло як зумра шогирдонаш соҳибунвону соҳибном гардида, саҳми худро дар рушду инкишофи журналистикаи тоҷик мегузоранд.
Гомҳои Замира Сатторова ба олами пурасрори журналистика тасодуфӣ набуда, балки он пайвандие дорад ба кору рӯзгори адибу журналисти маъруфу маҳбуб Ҳоҷӣ Содиқ. Дар суҳбат ба хотир овард, ки риштаи мустаҳками хешу таборӣ ва рафтуомад бо хонаводаи ин эҷодкори камназиру инсони асил барояш имкон фароҳам овард, то аз ҳунару истеъдоди нотакрори адиб баҳравар гардад ва ин боиси ангезиши шарораи орзу дар қалби кӯчакаш дар роҳи маърифат шавад.
— Ҳар вақт суҳбати устод Ҳоҷӣ Содиқ насибам мегашт, онро бо орзуву ҳаваси наврасӣ гӯш дода, фаҳмиши онвақтаи худро дарку амал мекардам. Падарам коргардон, бародарам наворбардор ва ман журналист. Сабти барномаи мо рӯи ҳавлӣ сурат мегирифт. Гоҳе зери дарахти себ ва гоҳи дигар назди гулҳо истода, бо баландгӯяки худсохт сухан мегуфтам. Онҳо бо завқ ҳар амали маро назора бурда, гоҳо маслиҳат медоданду гоҳи дигар таҳсину офарин мехонданд, ки ин боиси афзуншавии шавқу завқам мегардид, — бо табассум ёде аз айёми наврасӣ мекунад Замира Сатторова.
Бо дуои неки падари зиндаёд ин гулдухтари шаҳрӣ роҳ ҷуст ба шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Бо калиди пурасрори донишу маърифат дарвозаи Донишгоҳро боз карду вориди таълимгоҳ шуд. Аз зинаҳои аввали таҳсил худро донишҷӯи серғайрату ҷӯяндаву пурталош ва ташкилотчӣ нишон дода, байни ҳамсабақон дар сафи пеш ҷой гирифт. Соли дуюми таҳсил баробари донишҷӯӣ пайванди кори эҷодӣ гардида, дар радиои «Садои донишҷӯ»-и назди Донишгоҳ ба сифати мухбир фаъолият оғоз кард. Бо таҳияву омодасозии барномаҳои рангину пурмуҳтаво ва овози ширину гӯшнавоз ба қалби ҳазорон донишҷӯ роҳ ҷусту роҳ ёфт.
— Ҳамкурсон ва омӯзгорон Замираро ҳамчун духтари хушахлоқ, бомасъулият мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Ҳоло мебинам, ки бо фазилату заковат, донишварӣ ва истеъдоду қобилияти баланди омӯзгорӣ ҳамеша ба пеш қадами боэътимод мегузорад. Рисолати худро хеле хуб анҷом дода, барои ба майдони рӯзноманигорӣ ва эҷод ворид гардидани журналистони оянда ҳамчун мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума тадбирҳои судманд меҷӯяд, — даврони донишҷӯиро ба хотир меорад ҳамсабақаш Саидабону Раҳимова, сарпродюсери ТВ «Ҷаҳоннамо».
Пас аз хатми Донишгоҳ Замира Сатторова соли 2007 бо умеду боварӣ мудири радиои «Садои донишҷӯ»-и Донишгоҳ таъин гардид. Ҳамин гуна фаъолиятро бо диду назари ҷавонӣ ва меҳру муҳаббати зиёд барои рушду равнақи кори радиои Донишгоҳ, ки барои донишҷӯён як навъ тарбияи касбӣ буд, сарф карда, то соли 2011 дар ин ҷода фаъолият намуд. Ҳамзамон, Замира Сатторова дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума фаъолияти омӯзгориро пеш бурда, донишҷӯёнро аз сеҳри пургуҳари суханофариву суханпардозӣ огоҳ мекард. Баъдан чанд муддат сарнозири шуъбаи таълими Донишгоҳ шуда, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия саҳм гузошт. Бо бозгашти дубора ба кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ҳамчун сармуаллим дар шинохту омӯзиши амиқтари жанрҳои журналистика донишҷӯёнро раҳнамову мададрасон шуд. Баъдан қариб як сол муовини декан оид ба корҳои таълимии шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷик буд. Барои босифату босамар ҷараён гирифтани раванди таҳсилот Замира Сатторова аввал ба вазифаи сармутахассис, баъдан муовини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳ ба кор ҷалб гардид.
Соли 2023 ӯ мудирии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳро ба дӯш гирифт. То омадан ба ин вазифаи масъул рисолаи илмиро дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар матбуоти маҳаллии Тоҷикистон дар мисоли рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд"» дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои филология гардид.
Номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Сатторова тамоми тору пудашро ба пешаи омӯзгорӣ бахшидааст. Аз назари неку таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва дастгирии олимони ҷавон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи ояндаи кишвар талош меварзад. Бо файз бардоштан аз неъмати сулҳу ваҳдат, ободиву озодии Тоҷикистони азиз қадами устувор ба ояндаи боз ҳам сабзу рангин ва пурҷилотар мегузорад ва мекӯшад, то дар замири шогирдон ҳамчун фарди донишвар, ватандӯст ва хештаншинос мақом ёбад ва дар камолоти насли шоистаи даврони истиқлол саҳми босазо гузорад.
Муслима Раҳимова,
шаҳри Хуҷанд
Мубодила:
Шарҳҳо











