Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Панҷ панҷааш ҳунар
Илм ва маорифОнҳоеро, ки дар ҳунар ё касби худ пештоз ва миёни мардум соҳибэҳтиром гаштаанд, бо тавсиф мегӯянд: «Панҷ панҷааш ҳунар аст».
Ҳини суҳбат бо Маърифат Искандарова хостем андешаҳои ӯро ҳамчун мутахассиси фанҳои дақиқ ва омӯзгори фанни риёзӣ дар бораи роҳу усули омӯзиш ва ҷалби шогирдон ба он бифаҳмем. Ӯро дар ҷараёни суҳбат на танҳо устоди содиқ ба касби хеш, ҳамчунин як бонуи ҳунарманд, дилбохтаи эҷоди шеъру тарона, ҳикояву афсона, яъне панҷ панҷааш ҳунар дарёфтем.
Касбу ҳунар ба мерос
— Дар хонаводае, ки ба воя расидам, илм ҷӯш мезад, ҳунар ҷилва менамуд ва ин ба ояндаи кӯдакони хонадон бетаъсир намонд. Хоҳарону хоҳарзодаҳо шеъргӯ шуданд. Маро бошад, шавқ ба илми риёзӣ аз падар буду завқи ҳунар аз модар ба мерос расид. Гаравидан ба эҷод ва иншои шеъру ҳикояҳоро бибиам, ба истилоҳ, дар «хуну пӯстам» мақом дод. Давоми умр чун хӯшачине аз ҳар гӯшаи илму эҷод барои худ чизе ҷамъ овардам, ки боиси ободии рӯзгору дарёфти ризқи ҳалолам гаштааст, — иброз дошт бону Маърифат.
Ӯ соли 1990 пас аз хатми мактаби миёнаи №30-и ноҳияи Ҳисор тасмим гирифт, ки таҳсилро дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома диҳад. Бо супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи ин даргоҳи илму касб шуд.
— Соли 1995 давраи донишҷӯӣ бомуваффақият паси сар шуд ва унвони пурифтихори муаллимро соҳиб гардидам. Дар баробари он ки ба кори омӯзгорӣ пардохтам, ҳамчунин ба сифати ходими илмӣ дар Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор фаъолият намудам. Дар ин муддат тавонистам барои худ бисёр далелҳои таърихию қадимаро ҷамъ оварам.
Боре бостоншиноси рус барои гирдоварии фолклори мардуми тоҷик ба Мамнуъгоҳ омад ва хоҳиш намуд, ки дар ин ҷода ӯро ҳамроҳӣ бошам. Ба деҳаҳои атрофи Қалъаи Ҳисор рафта, бо мардуми синну соли гуногун ҳамсуҳбат шудем. Аз урфу одат ва фолклори гузаштагони тоҷикон маводи зиёде ҷамъ овардам, ки то ҳанӯз он далелҳо дар ҷое зикр наёфтаанд. Бо дастрасӣ ба имкони молию иқтисодӣ ҳатман маҷмуаеро ҳамчун гулчини фолклор аз мардуми маҳал нашр хоҳам кард, — мегӯяд Маърифат Искандарова.
Ӯ беш аз 30 сол аст, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ба донишҷӯён аз фанни риёзӣ дарс мегӯяд. Аз он меболад, ки шогирдонаш дар баробари табиб шудан, шавқу рағбат ба илмҳои дақиқ доранду иштирокдори доимии озмуну олимпиадаҳои фанҳои дақиқ мебошанд.
Бону Маърифат рӯ ба ман мепурсад:
— Ширкати табибони оянда дар олимпиадаҳо аз фанни риёзӣ чӣ зарурат дошта бошад? Ва худ шарҳ медиҳад:
— Воқеан, ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ аз пайи омӯзиши ин фанҳо шуда, баъди хатми Коллеҷи тиббӣ ба факултаҳои иқтисодии донишгоҳҳои кишвар шомил шудаанд. Дар баробари табиб будан, яке иқтисоддон асту дигаре муҳандис ва сеюмӣ муҳосиб ва ғайра.
Маърифат Искандарова аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро барои беҳтар роҳандозӣ намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иқдоми хуб дониста, мефаҳмонад, ки имрӯз таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ назаррас мебошад.
— Роҳандозӣ намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» шавқмандони фанҳои дақиқро гирди ҳам ҷамъ овард ва ҳар яке бо намунаи беҳтарин дастоварду ихтирооти худ дар он ширкат меварзад. Ба натиҷаҳои умедбахши ин иқдом назар дӯхта, ба рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонони давронсоз боварӣ мустаҳкамтар мегардад, — иброз медорад бонуи дақиқкор.
Соҳибэҷод
Эҷоди шеъру тарона ва ҳикоя ба Маърифатбону ирсӣ аст. Вақте момои ҳамадонаш бо ҳофизхониву саъдихониаш занҳои ҳамсояро мафтуни шеъру ғазалсаройӣ мекард, Маърифати хурдсол меандешид, ки ҳамаи бибиҳо чунин сухандону нуктасанҷанд.
— Бибиам бо донишу саводи комил ва заковату идроки худ яке аз занҳои оқил дар маҳал маҳсуб меёфт. Ҳар рӯз болои суфаи ҳавлии бобоӣ бонувони русто сарҷамъ шуда, ғазалҳои бузургони илму адабро аз забони бибии ғазалдонам мешуниданд. Ҳама бо таваҷҷуҳи зиёд достони «Юсуфу Зулайхо»-ро гӯш дода, ҷое мегиристанду ҷое аз муваффақиятҳои қаҳрамонони асар ашки шодӣ мерехтанд, — ёдоварӣ аз замони кӯдакӣ менамояд бону Маърифат.
Дастовардҳои бонуи эҷодкор Маърифат Искандарова чор китоби нашрнамудааш мебошад, ки «Зебу зиннати арусони Ҳисор» ва «Хаёли ман» аз зумраи онҳо буда, ифодагари маҳсули эҷоди ӯянд.
Ҳунар ройгон омӯхтанд
Ӯ ҳар ҳунаре дорад, аз модар омӯхтааст. Зардӯзӣ, гулдӯзӣ, шерозтанӣ ва шерозадӯзӣ барин ҳунарҳоро маҳз аз модари ҳунарвараш аз бар намудааст. Модар, ки бо нақшофарӣ ҳамто надошт, рӯи матои беранг нақшҳои зебою дилкашро меофарид ва бо риштаҳои рангубордодааш нақшҳоро пур карда, барои арусони русто чодари дилрабо омода менамуд. Миёни духтарони хонавода модар ба ҳунари Маърифат баҳои баланд дода, мегуфт, ки «захми даст»-аш хуб асту чашмбаранда.
Иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирӣ ёфтани ҳунармандон ва рушд додани ҳунарҳои миллӣ барояш илҳоми тоза бахшид. Агарчи тайи чанд соли охир аз ҳунар дур буд, тасмим гирифт, то аз нав ба пешаварӣ рӯ оварад ва ҳунарҳои қадимаи ниёгонро ба бонувон омӯзонад.
— Нахуст корро бо гурӯҳи 50-нафара оғоз намуда, ба бонувони маҳал ҳунарҳои зардӯзӣ ва гулдӯзиро ройгон омӯзондам. То ба ҳадде ҷавондухтарон ташнаи ҳунаромӯзӣ буданд, ки дар ҷойгоҳи ҳунаромӯзон ҷой барои дукон ва асбобу анҷоми ҳунармандӣ пайдо намешуд. Макони иҷора, ки ҷойи ҳунаромӯзии бонувони имконияташон маҳдуд буд, рӯз аз рӯз аз муштоқони ҳунар моломол мешуд, — иброз медорад ҳунарвар.
Аз бону Маърифат мепурсам, ки кори омӯзгорӣ барояш шавқмандтар аст ё ҳунармандӣ?
Гуфт:
— Омӯзгорӣ ва ҳунармандӣ бо ҳам тавъаманд. Омӯзгор илм ва ҳунарвар ба шогирд ҳунар меомӯзад. Пас, ман дар ду ҷода рисолати пурифтихори омӯзгориро бар дӯш дорам…
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо










