Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Боғчаи Наврӯз
Илм ва маорифМуассисаи давлатии томактабии №1 бо тарҳи зебову замонавӣ дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 1,44 гектар қомат афрохтааст. Гирду атрофи онро дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ зеб медиҳанд. Муассиса панҷошёна буда, се бинои он дуошёна ва дутои дигар якошёнаанду дар дашти Дилварзин ҳанӯз замони шуравӣ сохта мавриди истифода қарор гирифта буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ таъмиру таҷдид гардид. Феълан, дар 10 гурӯҳ 250 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
– Шумораи умумии коргарони боғча 40 нафар буда, аз ин бист нафарро мураббиён ва ёрдамчиёни онҳо ташкил медиҳанд. Ҳафт мураббӣ дорои маълумоти олӣ ҳастанд ва се нафари дигар ғоибона дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил менамоянд. Мураббиён пайваста баҳри такмили ихтисос мекӯшанд, – гуфт мудири боғча Гулчеҳра Шарифова.
Маҳз бо заҳмату кӯшиши мураббияву омӯзгорон донишу маърифат ба дили кӯдакон роҳ меёбанд. Барои онҳо тарбияи атфол на як амали одӣ, балки вазифаи пурмасъулият ба шумор меравад. Нафароне, ки ҳамчун мураббия заҳмат мекашанд, аз олами ботинии кӯдакон бохабаранд. Мураббиву омӯзгор баҳри рангин сохтани тахайюлоти кӯдак ва васеъ гардондани он нақши муассир мебозанд.
– Шахсе, ки пешаи мураббигиро касб мекунад, қабл аз ҳама дар кор бояд муомилаи хушу забони ширинро ба роҳ монад. Дар баробари он, дар ниҳоди ҳар мураббия бояд истеъдоди ҳунарпешагӣ мақом дошта бошад, зеро ӯро мебояд ҳам нақши рассом, эҷодкор, раққос ва ҳофизро бозад. Бо истифода бурдан аз ин малакаҳо ҷаҳонбинии онҳоро метавон рангин сохт. Дар пешаи мо дӯст доштани кӯдак ҳатмист, зеро дар натиҷаи ба роҳ мондани муомилаи дуруст ҳисси боварии кӯдак ба худ меафзояд, – тазаккур дод мудир.
Кӯдакони ин муассисаи томактабӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ пешсаф буда, дар як қатор озмунҳои ноҳиявӣ мунтазам ширкат меварзанд. Иштирок аз хурдӣ дар чунин чорабиниҳо маҳорати суханварӣ ва қавӣ ифода кардани фикру ақидаи кӯдакро сайқал медиҳад.
– Барои рушди ҳаматарафаи кӯдакон мекӯшем, то ки онҳо дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ фаъол бошанд. Аниса Ҳакимзода, тарбиятгирандаи боғчаи мо, дар озмуни «Шукуфаҳои истиқлол» дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойи якум ва Билол Нуриддинов бошад, ҷойи сеюмро ноил гаштанд, – иброз дошт Гулчеҳрабону.
Аз ин ҷост, ки ба хотири рушди кӯдак ва мустақилияти равониву ҷисмонӣ зодмандон кӯдаконро ба боғча майли супурдан мекунанд. Муассисаи томактабии давлатии №1-и шаҳраки Бӯстон ба яке аз муассисаҳои номдори ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст ва талабгорони он сол аз сол зиёд шудан доранд.
– Имсол аллакай ба рӯйхати довталабон 130 кӯдакро номнавис кардем. Ба волидон мефаҳмонем, ки агар имконият медоштем, ҳамаи кӯдаконро қабул мекардем. Дар ҳама ҳолат мекӯшем, то ки барои бачаҳо шароити мусоид фароҳам орем, – зикр намуд Гулчеҳра Шарифова.
Кор дар боғча аз соати 8:00 сар шуда, то соати панҷи бегоҳ идома меёбад. Ҳамзамон, дар кӯдакистон гурӯҳҳои тамдидӣ амал менамоянд, ки як соат аз вақти корӣ зиёд кӯдаконеро, ки бо сабабҳои гуногун дер мегиранд, саробонӣ мекунанд.
Дар боғча кӯдакон забонҳои русӣ ва англисӣ меомӯзанд, машғулиятҳои шавқовар мегузаронанд.
– Дар давоми рӯз кӯдакон бо машқи пагоҳирӯзӣ, суруду рақс, шиноварӣ, суробсозӣ ва дигар бозиҳои ҷолиб машғул мешаванд. Се вақт бо ғизои гарм таъминанд, – мегӯяд бону.
Бону Гулчеҳра аз усули машғулиятҳои дигар боғчаҳои ноҳия баҳравар буда, ҳамкориро бо онҳо ба роҳ мондааст. Аз навгониву пешравиҳои соҳа дар ҷараён буда, барои такмили ихтисоси кормандон пайваста дар талош аст. Ба мураббиёни ҷавон роҳу усули гуногуни корро омӯзонда, муаллимони соҳибтаҷрибаро водор менамояд, то ба ҷавонон роҳҳои дурусти тарбияи кӯдакро нишон диҳанд.
– Агарчи тарбияи кӯдак заҳмати зиёд металабад, вале он кори пуршараф маҳсуб меёбад. Дар ниҳоди хурдсолон бедор кардани фазилатҳои инсонӣ хизмати асосии мост. Ба ин васила метавон насли ояндаро тарбия намуд, – иброз дошт мудир.
Нақшаи сатҳу сифати таълим дар боғча аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар роҳандозӣ мегардад. Мудир дар машғулиятҳои мураббияҳо иштирок менамояд. Тавсия медиҳад, ки бо кӯдакон нармгуфтор бошанд, кӯшиш намоянд, то хостаҳои онҳоро ба сомон расонанд. Волидону мураббиён бояд кӯдаконро гӯш карда тавонанд, зеро дар ҳолати дарк карда тавонистани ботини кӯдак онҳо ба мураббияҳо эътимод пайдо намуда, дар ҳалли мушкилот ёрирасон мешаванд.
Гулчеҳрабону соли сеюм аст, ки роҳбарии ин боғчаро бар зимма дорад. Ӯ зодаи ҳамин маҳал буда, пас аз хатми МТМУ №11, Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро ба итмом расонда, солҳои зиёд ҳамчун мураббия заҳмат мекашад. Падараш Алибек Қурбонов 55 соли ҳаёташро ба омӯзгорӣ дар Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ бахшидааст. Ҳамсараш Юсуфбек Шарифов низ омӯзгор буд.Гулчеҳрабону фарзандонаш Комрон, Далер, Фарангис, Сорбон ва Фараҳнозро ба роҳи илму дониш раҳнамун сохтаасту шукр аз соҳибистиқлолии Ватан ва зиндагии шоиста дар ҳалқаи кӯдакон дорад.
Мадина БАЛАҶОНОВА
Душанбе – Мастчоҳ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










