Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рисолате, ки аз таҳти дил анҷом ёфт
Илм ва маорифКоми ин мардумро бо шеър бардоштаанд. Шодиву ғамашонро дар қолаби шеър тараннум месозанд сарбаландони Панҷакент. Кӯчаву маҳаллаҳо, шаҳраку деҳистонаш чун маъхази тамаддуни 5500-сола бӯи таърих, фарҳангу маданият мекунад. Дар китобҳои антиқӣ аз он ба ҳукми Панҷиканд (Панҷ шаҳр) ёд мешавад.
Панҷакент чун маркази муҳими фарҳангиву тиҷоратӣ бо он ки дар масири Роҳи бузурги абрешим мавқеъ дошт, ҳамвора дар моварои таърих мавриди таваҷҷуҳи донишмандону сайёҳон қарор доштааст…
Аз омӯзгори таҷрибадору номӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон Зулфия Мирматова, ки тӯли фаъолияти наздик ба 45-солаи хеш шогирдони зиёдеро аз камоли туфулият ба камоли бузургии инсонӣ расондааст, суол мекунам, ки сокини шаҳри қадимаи таърихӣ будан, чӣ ифтихору масъулиятҳое пешорӯи инсон мегузорад? Муаллим бо тамкини хос мегӯянд:
— Қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармуда:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ифтихору рисолати мардумони сарбаланди Панҷакент ҳам муъҷаз дар ҳамин маъниҳо нуҳуфтааст. Яъне, босаводу дониши арзанда муаррифии бештари таъриху фарҳанги беназири миллати тоҷик ба ҷаҳониён…
ПАНҶАКЕНТИ КУҲАН
— Кӯдакиямон дар боғи Саврак дар наздикиҳои шаҳри Панҷакенти қадим сипарӣ гардидааст. Ҳамроҳи бобою бибӣ ва модар, бародару хоҳарон ба корҳои заминдориву боғдорӣ машғул мешудем. Ҳамин ки чашми калонсолонро хато кардем, медавидем ҷониби талу теппаҳои шаҳри куҳан. Ҳамсолонам дар вайронаҳо ҷавлон мезаданду метохтанд, аммо сарфи назар аз хурдсолӣ ман бо мароқи хос хоначаҳои валангору вайроншударо такрор ба такрор аз назар мегузарондам ва хаёлан аз хонае долон, ҷойи нишаст, ҷойи хоб, макони китобхонӣ меофаридаму аъзои ин оиларо, ки касе субҳ баҳри шикору кишоварзӣ рафтааст, модар дар гӯшае гулхан афрӯхта хӯрок мепазад, кӯдакон дар деворҳо бо рамзҳо менависанду мехонанд, тасаввур мекардам. Аксу деворнигораҳо, кӯзаву сикаҳои таърихӣ, ҷисми маликаи сӯхта ва садҳо бозёфтҳои ин маконро гаштаву баргашта дар осорхонаи шафати шаҳри қадима тамошо мекардам.
Баъдтар мавзеи Панҷакенти куҳан бо роҳбарии бостоншиноси шинохта Абдуллоҷон Исҳоқӣ ва муаррихи шуравӣ Борис Маршак мавриди таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Маълум шуд, ки хокдони кӯдакиҳоямон таърихи садаи V ва VIII милодиро убур мекардааст. Маҳз ҳамин ду олими шинохта, солҳои баъд дар мавзеи ғарбии шаҳри Панҷакент вайронаҳои рустои Саразмро мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор доданд ва дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ ва бозёфтҳои нодир илман исбот намуданд, ки тамаддуни Саразми бостон ҳазорсолаҳои IV ва II пеш аз милодро дар бар гирифта, бозмондаҳо пайванду наздикии мардуми бумиро бо тамаддунҳои куҳани Ховари Наздик нишон медиҳад. Борис Маршак он қадар шефтаи таърихи Панҷакенту меҳмоннавозии мардумонаш гашта буд, ки пас аз марг дар 73-солагӣ бо васияташ ӯро дар шафати вайронаҳои таърихии Панҷакенти куҳан дафн намуданд.
— Муаллими азиз, барои чӣ аз модару бародару хоҳарон гуфтеду аз падар не?
— Падарам Мирмат Холов хеле барвақт, бо сабаби беморӣ аз олам даргузаштанд. Он ҳангом ман 6 сол доштам, чандон хотираҳои рӯшане аз қиблагоҳ надорам. Хира-хира дар ёдҳоям чун инсони раҳмдилу меҳрубоне буруз мекунанд. Аз кори саҳро, ки омаданд, фарзандонро сари зону менишонданду бо калонсолони оила дар хусуси замину корҳои саҳроӣ суҳбат меоростанд. Пас аз сари қиблагоҳ бародари калониам Шамсиддин моро ба ҳукми падар тарбия карданд. Модари равоншодам зани хоксору боадаб номи зебое доштанд, Рӯзимоҳ. Сари ҳар қадам таъкид мекарданд, ки дар нишасту бархост, либоспӯшиву ҳамсоядорӣ, таҳсилу тадрис тартибу интизомро нигоҳ дорем, ки мардум бепадариамонро эҳсос накунанд.
Ҳамин тавр, дар муҳити одиву хоксорона 6 фарзанд: Савринисо, Шамсиддин, Меҳринисо, Садриддин, Самариддин ва ман, Зулфия, бузург шудем. То ин замон бародарам Шамсиддин Мирматов чун омӯзгори хуби Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент шинохта гардиданд. Инсони ҷиддиву серталаб ва донишманде буданд. Суҳбати ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу ақраборо бо бародарам дида, дар дил ниҳонӣ орзуи муаллим шуданро мепарвардам.
Соли 1969 пас аз хатми синфи 9-и мактаби миёнаи №3-и зодгоҳ бародарам пурсиданд, ки мехоҳӣ дар Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ хонда, муаллим шавӣ? Ва ман ин пешниҳодро бо хушнудӣ пазируфтам.
Рӯзи имтиҳони дохилшавӣ каме дер монда, дар партаи ақиби синфхона нишаста бошам ҳам, диктантро бо баҳои панҷ супурда, аз фанни математика низ баҳои аъло гирифтам. Бародарам аз пешониам бӯсиданду гуфтанд: «Аз ту муаллими хуб мебарояд!». Баъдан, ҳар вақте дар мактаб барои дастоварде ситоишам мекарданду соҳиби мукофот ё сипосномае мешудам, суханони акоям дар гӯшам садо медоданду меболидам, ки ба бовариашон сазовор гаштаам…
МУАЛЛИМИ ШИНОХТА…
Соли 1973 омӯзишгоҳро ҳамроҳи духтари калонии хоҳарбузургам Сарварой Мутеҳова, ки ҳамсолу дугонаи ҳамрозам низ ҳаст, бо баҳои хубу аъло, бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ ба итмом расондем. Моро бо роҳхат ба мактаби миёнаи №25-и деҳаи Филмандари ноҳияи Панҷакент фиристоданд. Соли дуюм моро ба кумитаи комсомоли ноҳия хонданд. Ду сол дар ин ҷо кор карда бошам ҳам, майли бештар ба кори омӯзгориву мактаб доштам.
Соли 1977 маро ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи И.П.Разин гузаронданд, ки хеле маъруф буд. Наздики 45 сол бефосила дар ин даргоҳи дониш фаъолият бурда, рисолати бузурги омӯзгориро сомон додам.
— Дар ин солҳо чун омӯзгори номӣ шинохта шудед. То ҳадде, ки волидон мекӯшиданд ақаллан яке аз фарзандонашон дар синфатон таҳсил намояд. То имрӯз ҳам дар радифи беҳтарин омӯзгорон мақоми хоссаеро сазовореду сарфи назар аз айёми бознишастагӣ номатон вирди забонҳост. Барои омӯзгори хуб чӣ муҳим аст?
— Пеш аз ҳама, масъулиятшинос бояд буд. Саводи хуб, ҷӯяндагӣ, мушоҳидакорӣ ва дӯст доштани кӯдакон мисли фарзанди худ зарур аст. Баъдан, омӯзгор дар танҳоӣ наметавонад муваффақ гардад. Дар ин амр саҳми оила ҳам бениҳоят калон аст. Зодмандон бештар аз фарзандон дар пешрафту таҳсили хубашон шавқманд бошанд. Мо бо падару модарон якҷоя мекӯшидем, хонанда аълочиву намуна бошад. Таваҷҷуҳи зиёд ба фаъолияти кориам, масъулияти маро дар назди кӯдак, волидон, мактаб ва ҷомеа афзун намуда буд.
Баъзеҳо дар хусуси кӯдакони душвортарбия ҳарф мезананд, вале ман дар таҷрибаи калони кориам боре бо чунин кӯдакон рӯ ба рӯ нашудаам. Яъне, ба қалби дилхоҳ кӯдак роҳ ёфтан мумкин аст. Аз ҳар кӯдак метавон хонандаи боинтизому намуна омода сохт. Имрӯз шогирдонам дар вазифаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, самти хусусӣ сарбаландона фаъолият мебаранд. Дар байнашон кормандони вазорату кумитаҳои муҳими давлатӣ ҳастанд, ки, бо вуҷуди солдидаву таҷрибадор будан, зимни ҳар дидор маслиҳату машварат мепурсанд, назарамро доир ба тарбияи фарзандону наберагон ё мавзӯъҳои дигари муҳим мефаҳманд.
Қиёси хонандаи синфи 1 аз синфи 4-ум мисли замину осмон аст. То як кӯдак хондану навиштанро ёд мегирад, ба қавле ҷигари муаллим кабоб мешавад. Бо кӯдак забон ёфта, психологияашро омӯхта, ӯро ба худ ҷалб карда тавонистан, бениҳоят мушкил аст. Аввал аз ҳама ҷаҳд мекардам шогирдонам боинтизом бошанд, чун тартибу низом бошад, кӯшиши тадрису омӯзиш ҳам пайдо мешавад. Вобаста ба синну соли кӯдакон суҳбатҳои муҳим мегузарондам. Дар синфи 4 ҳамеша барояшон таъкид медоштам, ки зебоии зоҳир муҳим нест, ботини худро бояд бо дониш пероста созем.
— Муаллим дар синф барои ҳама як хел сабақ медиҳад, аммо барои чӣ савияи дониши кӯдакон гуногун аст? Баъзеҳо аълохон мешаванду таҳсили дигарон қаноатбахш аст?
— Ба андешаи ман, истеъдод фитрӣ аст, вале ба қобилияти кӯдакон муҳити оила низ таъсиргузор аст. Диққати бештарро ба хонандагони сустхон ва онҳое равона месохтам, ки дар оилаи камбизоат ё нопурра тарбия меёбанд. Мехоҳам барои исботи андешаам аз таҷриба як мисол орам. Талабае доштам, ки дар аввал хонданаш хеле хуб буд. Замони таҳсилаш дар синфи се ногаҳон падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Кӯдак таҳти таъсири сахти равонӣ қарор гирифт. Дар синф менишаст, лек хотирпарешон буд. Руҳафтодаву дилмонда шуд. Гарчанде ман, баъдан муаллимони синфҳои болоӣ барои муваффақияти дубораи ӯ зиёд талош намуда бошем ҳам, муроде ҳосил нашуд…
Муаллими синфҳои ибтидоӣ будан маънои онро надорад, ки синфро пас аз хатм ба дасти роҳбари нав супурдиву корат тамом шуд. Не! Талабаҳоятро сарфи назар аз он ки дар синфи чанд мехонанд, вобаста ба ин ё он мавзӯъ, ҳолат ва зарурат зуд-зуд хабар мегирӣ, бо онҳо суҳбатҳо мекунӣ. Ҳар синф бо хусусияти хосе дар хотир мемонад. Синфе доштам, ки дар зинаҳои болоии таҳсил вориди синфхонаашон мешудам, ҳатман аз ҷойашон хеста, дастҳояшонро рӯи сина гузошта, бо як овоз шеърҳои нав ба нав, амсоли «Муаллимҷон, ту нури чашми моӣ, даруни қалби мо пайваста ҷоӣ…» қироат мекарданд. Ин бароям хеле хушоянд буд.
Нохудогоҳ дар як ҷамъомаде, ки ба муносибати зодрӯзи яке аз хонандаи синфи 4 иттифоқ афтод, шогирдон чунон шеърхонӣ ва суханронӣ намуда буданд, ки ману муаллимон Муҳайё Хӯҷамуродова ва Сарварой Зокирова дар ҳайрат афтода будем. Чӣ қадар донову ҳушманду хушзеҳну озод буданд талабаҳо…
ЗИНДАГИИ ШАХСӢ…
Зулфия Мирматова, дар баробари омӯзгори номӣ будан, соҳиби оилаи солим асту ҳамроҳи ҳамсари ҳаётиаш Олимҷон Нуримов се шоҳписар: Комилҷон, Улуғбек ва Собирҷонро арзанда ба воя расондаанд, ки имрӯз байни ҷомеа бо амали нек, одоби ҳамида ва ҳалолкориву инсондӯстӣ намунаи ибратанд.
— Оилае, ки ман ба ҳукми келини хонавода қадам ниҳодам, аз аввал меҳмондору меҳмондӯст буд ва мо ин анъанаро то имрӯз идома медиҳем. Хусуру хушдоманам инсонҳои бисёр меҳрубон буданд. Бо вуҷуди доштани се кӯдаки хурдсол ва бузургони солдида дар хонавода ман боре ҳам аз кор сар напечидаам. То як поси шаб корҳои хонаро анҷом дода, хӯрокро пухта, субҳ пас аз таҳияи субҳона ҷониби мактаб мешитофтам, — мегӯяд Зулфия Мирматова.
— То ҷое огоҳем, фарзандонатон тифоқ, келинҳоятон намегузоранд эҳсоси бедухтарӣ дошта бошед. Сирри хушбахтиву сарҷамъии оилаи бузургро чӣ гуна метавон шарҳ дод?
— Дар зиндагӣ, хосса хушбахтии фарзандон, модар нақши калидӣ дорад. Аввалан, келинҳоямро чун фарзанд қабул кардам. Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад. Ҷои шебу фарозҳояш дар бештар маврид аз духтаронам ҷонибдорӣ мекунам. «Қарсак аз ду тараф аст», — таъкид мекунам ба писаронам. Ба ин ҳикмат, ки келини калонӣ бо интизоми хубу иззату икром келинҳои дигарро аз пасаш мебарад, итминон ҳосил кардам.Келини калониам Таҳмина Баҳодурова омӯзгори забони англисии мактаби №1-и шаҳри Панҷакент мебошад. Марҷонаву Фарзона ҳоло машғули тарбияи фарзандони хурдсоланд. Дар оилаи мо истилоҳи «фарзанди ту ё ман» нест. Ҳама баробаранд. Шукр, ҳоло соҳиби 9 набера ва ду абера ҳастам.
— Дар тарбия сахтгир бошем ё меҳрубон?
— Ҷояш ояд сахтгир мешавӣ, ҷое мешавад, ки вобаста ба ҳолат дар фарзанддорӣ, келиндорӣ, наберадорӣ гапи он ҷонибро дар ҷойи аввал мегузорӣ.
— Имрӯз, ки айёми хуши пирӣ меронед, дилатон ба мактабу шогирдон гум намезанад?
— Баъзан вақт мактабро сахт пазмон мешавам, аммо худро бо он ки дар зиндагӣ ман тамоми қуввату тавоноиямро баҳри мактабу шогирдон равон кардаам, талош намудаам дар сатҳи худ барои пешрафти ин Ватан коре анҷом бидиҳам, таскинам медиҳад.Ман аз таҳти дил рисолатамро дар ҷомеа анҷом додаам ва имрӯз ба марҳалаи дигари зиндагӣ қадам гузошта, дар таълиму тарбияи наберагону аберагон камар бастаам…
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Душанбе – Панҷакент - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










