БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рӯ ба рӯ бо мардум

Илм ва маориф

 Бо дарки нақши меҳварии омӯзгор дар таълиму тарбия ва ташаккули афкору ояндабинии насли наврас, ӯ аз рӯзҳои аввали фаъолият ба симати муовини раиси ноҳияи Вахш ҳамкориҳои дастгоҳи идеологиро бо соҳаи маориф ва робита бо ҷомеа тақвият бахшидан дорад. Ба бовари Гулҷаҳон Маҳмадализода, яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҳам ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба тарбияи насли ояндаи хеш, ин баланд бардоштани мақому манзалат ва обрӯи омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро, дар ҳаллу фасли ҷумла масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ва таҳрики мардум ба иқдомҳои ободонию созандагӣ, шахсиятҳои нуфузманду соҳибэҳтироми маҳал нақши асосӣ мебозанд ва иҷрои ин масъулияти муҳими шаҳрвандӣ хоси омӯзгор аст, ки ба унвони тарбиятгари башар эътироф шудааст.

 Бо ҳама заҳмати солиёни падару модар дар тарбияву таълими наврасону ҷавонон ва рушди инсон боз ҳам бузургони илму адаб нақши омӯзгорро дар мадди аввал мегузоранд, ки бе ҳикмат нест. Бетардид, шавқу рағбати бепоёнам дар гирифтани ду маълумоти олӣ аз бузургиву донишу маърифати волои роҳнамои зиндагиам Олия Муҳаммадиева сарчашма мегирад, ки аз фанни математика дар МТМУ № 22-и ноҳияи Вахш ба мо дарс мегуфт, - ба ёд меорад Гулҷаҳон Маҳмадализода. - Шояд боре ҳам дар мавриди интихоби касб аз мо чизе напурсида бошад, аммо бо маҳорати баланди омӯзгорӣ, шеваи дилнишини сабақомӯзӣ ва санъати суханвариву хислатҳои ҳамидааш он ҳад шогирдонро тасхир сохта буд, ки қариб кулли духтарон орзуву ҳаваси ба ӯ монанд шудан доштем.

 

Аз маҳбубияту дилбастагӣ ба фанни математика ва пайравӣ аз устоду идеали ҳаётии худ Гулҷаҳонро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард. Даврони донишҷӯии ӯ ба солҳои мушкили 1992 -1997 рост омад, аммо лаҳзаҳои шебу ноҳамвориҳои овони таҳсил симои нуронии муаллиму зодмандони чашм ба роҳашро пеши рӯ оварда, бо ангезаи тозаву азму ақидаи устувор Донишгоҳро хатм намуд. Дар ин миён бо розигии зодмандон оиладор шуда, як муддат андармони масъулияти хонаводагӣ ва тарбияи нахустфарзандаш шуда, пас фаъолияти касбиро ҳамчун муҳосиби собиқ хоҷагии овозадори ба номи Кирови ноҳияи Вахш оғоз менамояд.

Бенизомии бахши сармоягузорӣ, ки норасоии техникаи кишоварзиву тухмиҳои хушсифат ва камҳосилии замину дигар мушкилиҳои хоҷагиҳоро дар пай дошт, боиси дилсардии на танҳо деҳқон, балки мутахассисони соҳа мегардид, аз ҷумла Гулҷаҳон ҳам бо машварати ҳамсараш ба кори таълиму тарбия баргашт. Шуълаи меҳру орзуҳои наврасӣ ба пешаи омӯзгорӣ то ҳанӯз дар қалбаш побарҷо монда буд, ки бо завқу салиқаи баланд ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, аз соли аввали хониш миёни беҳтарин омӯзгорони ноҳия муаррифӣ шуд. Дар ин миён шуъбаи ғоибонаи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм намуда, соҳиби ихтисоси дувуми олӣ гардид. Нахуст масъули кор бо таълиму тарбия ва аз соли 2014 директори МТМУ № 76-и ноҳияи Вахш ва аз соли 2018 тариқи гузариш роҳбарии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-ро ба уҳда дошт. Соли 2021 муовини раиси ноҳияи Вахш таъин гардид.

Дар радифи баргузории маҳфилу чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, фаъолгардонии воситаҳои иттилоотиву маърифатнокии ҷомеа, ҳамакнун, замоне ба вуқуъ пайваста истодааст, ки дар доираи суҳбату вохӯриҳои хона ба хона бо сарварони оилаҳо ва пирони рӯзгордида, ҳамвора, бо теъдоди бештари шаҳрвандон гуфтугӯйи як ба як сомон бидиҳем, - мегӯяд Гулҷаҳон Маҳмадализода. – Чаро ки бештари мушкилу масъалаҳои умдаи ҷомеа танҳо дар суҳбатҳои инфиродӣ ва рӯ ба рӯ бо ҷавонписарону бонувон ошкор ва ҳаллу фасли худро меёбанд. Пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо, тарғибу ташвиқи сарфакорӣ, риояи қонунҳо ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир миёни ҷавонон, тақвият бахшидани ҳамкориҳои густурдаи мактаб, оила ва ҷомеа дар таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа, истифодаи самараноки заминҳои корам аз муҳимтарин мавзуъҳои мавриди баррасӣ дар дидору суҳбат бо сокинон аст, ки натиҷаҳои умедбахши он баръало мушоҳида мегарданд.

Зимни сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш, моҳи декабри соли гузашта, Беморхонаи марказии ноҳия муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизоти муосири тиббӣ ифтитоҳ гашт, Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор, ки барои таълиму тарбия ва парастории 400 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» корхонаи нассоҷии «Насими Вахш» фаъол шуд, ки дар марҳалаи аввал 180 нафар занону духтарони деҳкада ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар сурати пурра ба истифода дода шудани корхона 400 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла бонувони хонашин ба кори баландмузд фаро гирифта мешаванд.

Натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои маънавиёту иҷтимоиёти МИМҲД-и ноҳияи Вахш далели дар зинаҳои роҳбарӣ таъин шудани кадрҳои кордону лаёқатмандест, ки бо донишу малакаи сиёсӣ ва салиқаи пешбарии сокинон ба иқдомҳои ободониву созандагӣ, дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа ва рушду нумӯи маҳал ноил шуда истодаанд. Парвардаи риштаи омӯзгорӣ, ки дар пайроҳаи омӯзишҳои бисёрсолаву роҳбарии якчанд муассисаҳои таълимӣ ва иртиботу ҳамкориҳо бо хонаводаҳо донишу таҷриба андӯхта буд, сарварии муҳимтарин бахшҳои ноҳияро муҳимтарин имтиҳони зиндагӣ мешуморад.

Дар пешбурди фаъолияти бахшҳои тобеи соҳаи иҷтимоӣ дар самти суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҳамкориҳоро бо зиёиёну бонувони рӯзгордида ва меҳтарони ҷангу меҳнат густариш дода истодаем, ки коҳиш ёфтани омори ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз амалҳои ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва дигар нишондодҳои мусбат аз натиҷаҳои умедбахши он арзёбӣ мегарданд, - иброз медорад муовини раиси ноҳияи Вахш.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Вахш

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон