БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вақте муҳаббат қавист…

Илм ва маориф

Суҳбати мо бо Мутриба Аҳмадӣ аз солҳои мактабӣ ва ҷавонии ӯ бо хотираҳои ширини зиндагияш оғоз ёфт. Аён буд, ки муҳаббати ӯ ба пешаи интихобкарда беинтиҳост. Маҳз ҳамин муҳаббату дӯстдорӣ ба касб ӯро зина ба зина муваффақ гардонда аст. 


Мутриба мактабро бо баҳои аъло, бо нишони тилло хатм намуда, ба факултаи иқтисодии Донишкадаи озоди шаҳри Панҷакент (ҳоло Донишкадаи омӯзгорӣ) дохил шуд ва онро низ аъло хатм намуд.

Иқтисодчӣ шуду дар ширкати мобилии «Мегафон» панҷ сол фаъолият кард. Чун аз илми риёзӣ дониши кофӣ дошт, бо донишҷӯёну мактаббачаҳо, иловаан машғулиятҳои математикӣ мегузашт. Хушдоман ба дарсҳои келин зеҳн монда, лаҳза ба лаҳза дар замири ӯ маҳорати хуби омӯзгориро пай мебурд. Рӯзе келинро наздаш хонда, маслиҳат дод, ки аз ӯ муаллими хуб мебарояд, хонадони шавҳар розиянд, ки пешаи худро иваз кунад. Он лаҳзаҳо хурсандии Мутриба канор надошт, гӯиё бахт аз нав барояш хандида бошад, чун пайрави падари омӯзгор буданашро аз кӯдакӣ дар дил дошт…

Директори мактаб бо иштироки омӯзгорони математика Мутрибаро имтиҳон гирифтанд ва ӯ дар мактаби № 70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун муаллими фанни риёзӣ ба фаъолият пардохт. Баробари муаллимони дипломдор ҳисобу муодилаҳои мураккабро бехато дар ҳузури омӯзгорони фанҳои дақиқ ҳал мекард. Рӯз аз рӯз шогирдони дарсҳои иловагиаш дар мактаб меафзуд.

– Устодам Розиямо Назаршоева, омӯзгори фанни математикаи МТМУ №70 зуд-зуд ба дарсҳои ман даромада, бо меҳри модарона бароям маслиҳат медоданд, – ёдоварӣ аз солҳои аввали омӯзгорӣ мекунад Мутриба Аҳмадӣ.

Дертар Мутриба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айниро хатм намуда, аз моҳонаи зиёди ширкати мобилӣ даст кашиду рӯ ба мактабу синфхона ва шогирдони азизаш овард. Меҳри фанни риёзиро дар вуҷуди мактаббачаҳо зинда намуд. Муаллимони таҷрибадор маслиҳат доданд, то ба ягон литсей ё гимназия гузашта, маҳорати худро бо шогирдони болаёқат такмил диҳад.

Бо ҳамин маслиҳат ба Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар ба кор гузашт. Ин ҷо пас аз фосилаи кӯтоҳи омӯзгорӣ муовини директор таъин шуда, ҳамзамон, аз фанни математика ба шогирдон дарс мегуфт. Дар чор соли фаъолият садҳо шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дастовардҳои фаннӣ мақому мартабаи литсейро боло бурданд. 

– Гоҳе посе аз шаб мегузашту дар фурудгоҳ шогирдонамро мегуселондам ё баръакс интизор мешудам, ки ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ мерафтанд ё аз хориҷа бармегаштанд, зеро дастоварди онҳо маҳсули заҳматҳо ва муҳаббати ман ба мактаб буд, – ба ёд меорад Мутрибабону.

Нимаи соли 2021-ум ӯро ҳамчун омӯзгори кордону бомаҳорат ба вазифаи муовини директор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ташкил меёфт, тавсия доданд. Чун муассиса даргоҳи нави таълим буд, то лаҳзаи кушода шудан, заҳмати зиёдро ба бор овард, ки омӯзгори ҷавон бо ин ҳама сабр намуд ва ҳатто моҳҳои аввал бе маош кор кард. Дар лаҳзаҳои душвор шавҳари вафодораш бари ӯ буд ва дилтӣҳӣ менамуд, ки дар ҳама мушкилот босабр бошад.

Баъд аз се моҳи давраи омодагиҳо, моҳи ноябри соли 2021-ум мактаб бо ҳузури Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд ва он рӯз барои муаллимон хотирмону гуворо буд. Ин ҷо низ Мутриба бо донишу малака ва таҷрибаи андӯхтааш дар ду дабистони пешин нақши созгор гузошт, ки рӯзи ба дигар муассиса гузаштан устодону шогирдон хеле ӯро аз ҳалқаи худ раҳо намекарданд. Дар якҷоягӣ бо директори мактаб Равшан Каримзода, ки алҳол муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, фаъолият намуда, дар пешрафти кори мактаб саҳми арзанда гузошт. Пас аз як соли фаъолияти пурсамар, мактаб бо соҳиб шудан ба 100 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи шаҳрӣ, дар байни муассисаҳои таълимии пойтахт мақоми аввалро касб намуд. Барои Мутриба то ҳанӯз ин даргоҳ муқаддасу азиз аст, зеро замоне тамоми ҳастӣ ва маҳорату кордонии худро барои рушду нумӯи он бахшида буд.

Мутриба Аҳмадӣ имрӯз директори филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе мебошад. Даргоҳе, ки аз ӯ масъулияти боз ҳам бештареро тақозо дорад, остоне, ки ӯ ва аҳли кормандонаш ҳар лаҳза дар омӯзиш ҳастанд.

– Модоме ки барои муаллим роҳнамо шавӣ, аз навгоние ононро огаҳ созӣ, бояд омӯхт, зиёд китоб хонд, бештар ба илму адабиёти ҷаҳон мароқ зоҳир кард, – иброз медорад омӯзгори номвар. Роҳбари оқилу кордон Мутриба Аҳмадӣ таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ аз хизматҳои бесобиқаи ӯ дониста, дар ин боргоҳи илму маърифат низ мекӯшад то тамоми нерӯи худро барои пешравии мактабу маориф сарф намояд.

Воқеан, тайи чанд соли дар ин вазифаи масъул фаъолият доштанаш муаллимону кормандони соҳаи маорифи пойтахт аз бозомӯзиҳои зиёд гузашта, донишу малакаи худро такмил доданд, ки ин ба ҷаҳонбинии шогирдон ва дарсазхудкунии онҳо бетаъсир намонд. Дар пешрафту дастовардҳои соҳа ӯ, пеш аз ҳама, ташаббусҳои пайвастаи ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозодаро мебинад…

Кӯшишу заҳматҳои Мутриба Аҳмадӣ, рӯзгори хонаводагии ӯро дубора пеши рӯ меорад. Падари омӯзгораш баъд аз нафақа ҳам солҳо муаллими мактаби ноҳия буд, устодону шогирдон аз мактаб рафтанашро ҳеҷ намехостанд. Солҳои охир тирачашм шуд, бо ин ҳам шогирдон панҷ сол ӯро дар хона «ором» нагузоштанд, меомаданду дарс мегирифтанду мерафтанд. Модари Мутриба табъи шоирӣ дошт, бахусус ҳазлу мутоибаи зиёд менавишт, ки завқи Мутрибаи ҷавонро ба дониш ва эҷод бедор мекард.

Хонадони шавҳар низ аз табори марди худогоҳу бомаърифат, шоири маъруфи тоҷик Мастон Шералӣ буданд… Шавҳараш полковник Парвиз Шералӣ аз аввалин нафароне буд, ки баробари ташкил ёфтани мақомоти гумрук фаъолияти худро ин ҷо оғоз кард ва то дами нафақа, 32 сол дар ҳамин даргоҳ бенуқсон хизмат намуд. Дар чунин як оилаҳои бузургу дардошно Мутриба бузург шудаву роҳи худро барои ояндааш пайдо кард.

Имрӯз азизтарин инсонҳо, падару модар, хусуру хушдоман варо дар бар нест. Аммо ёди онҳо ҳамеша бо ӯст ва баракати рӯзгори хешро аз файзи дуои онҳо мебинад. Писараш пайрави падар шуда, дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунаду духтараш дасти рости модар – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик мебошад.

Мутриба Аҳмадӣ аз рӯзгори хеш ва роҳи паймудааш шукргузор аст.

                                                                                         Рустами НАЗИР


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2026_small.pdf [4.1 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон