Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Як нигоҳ ба фазои ситорарез
Илм ва маорифШояд баъзе орзуҳои бузурги инсон дар лаҳзаҳо ва ё ҷойҳое ба дунё меоянд, ки кас ҳеҷ гоҳ интизораш нест. Барои як кӯдак осмони шаб метавонад танҳо пардаи сиёҳи пур аз нуқтаҳои дурахшон бошад, аммо барои кӯдаки дигар ҳамин ситораҳо ба саволи бузурге табдил меёбанд: дар паси ин равшаниҳо чӣ сирре ниҳон аст?
– Дар хурдсолӣ, бинобар бемории шадид, муддате дар беморхона бистарӣ шудам. Шомгоҳон назди тирезаи палата ба осмони софу пурситора менигаристам. Соатҳои дароз ба он нуқтаҳои нуронӣ дида медӯхтам ва дар зеҳнам саволҳои гуногун падид меомаданд. Дар хаёл надоштам, ки ҳамин манзараи одӣ баъдтар самти зиндагии маро муайян месозад, – гуфт ҳамсуҳбатам.
Ситораҳо барояш на танҳо чароғакҳои дур дар фазои бекарон, балки манбаи саволҳои зиёде буданд. Онҳо чистанд? Чӣ гуна ба вуҷуд омадаанд? Чаро дар осмон ҷой гирифтаанд? Ва инсон то куҷо метавонад асрори онҳоро омӯзад?Фирӯза посухи аввалро аз падараш гирифт. Вақте пурсид, ки оё илме ҳаст, ки ситораҳоро меомӯзад, фаҳмид, ки чунин соҳа вуҷуд дорад ва он астрономия унвон дорад. Ин шиносоии нахустин бо номи як илм буд, аммо таъсири он барои Фирӯза хеле бештар аз як маълумоти одӣ гардид.
Дар мактаби миёна китоби «Астрономия», ки барои синфи 11 пешбинӣ шуда буд, ба дасти ӯ расид, дар ҳоле ки худи Фирӯза ҳанӯз дар синфҳои поёнӣ мехонд. Барои ӯ ин китоб танҳо маҷмӯи донишҳои дарсӣ набуд. Дар ҳамин давра барномаи телевизионие низ ба интихоби минбаъдаи ӯ таъсир расонд. Дар он дар бораи гирифтани Офтоб ва падидаҳои астрономӣ маълумот дода мешуд. Суханони донишмандон ва шарҳи илмии ин падидаҳо шавқи ӯро ба астрономия бештар гардонд. Ӯ тадриҷан дарк намуд, ки астрономия на танҳо мушоҳидаи осмони шаб, балки илми дақиқест, ки ҳаракат, сохтор ва хусусиятҳои ҷирмҳои осмониро меомӯзад.
Интихоби касб Фирӯзаро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард. Ӯ дар факултети физика, бахши астрономия таҳсилро оғоз намуд. Муҳити донишгоҳӣ барои ташаккули ҷаҳонбиниаш марҳалаи муҳим гардид. Шиносоӣ бо устодони соҳибтаҷриба, омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва ворид шудан ба муҳити илмӣ ба ӯ имконият доданд, ки шавқи кӯдакона тадриҷан ба ҳадафи касбӣ табдил ёбад.
Фирӯза ҳини таҳсил дар курси якум ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кард. Дар донишгоҳ ҳамчун ассистент кор мекард ва ҳамзамон таҳсилро идома медод. Баъдтар фаъолияти меҳнатии ӯ бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваст гардид.
Фаъолият дар муҳити илмӣ имконият дод, ки донишҳои назариявиро бо таҷрибаи амалӣ пайванд диҳад. Ӯ лаборант буд ва ҳамзамон таҳсил мекард ва корҳои илмиро аз наздик меомӯхт. Кори дипломии Фирӯза ба омӯзиши ҷирмҳои хурди осмонӣ ва динамикаи онҳо бахшида шуд. Ин марҳала барои ӯ оғози ҷиддии роҳи илмӣ буд. Ҳангоми иҷрои кори дипломӣ бо масъалаҳои илмӣ ва таҳқиқотие рӯ ба рӯ шуд, ки аз донишҷӯ масъулият, дақиқкорӣ ва таҳлили амиқ талаб мекард. Ёрии устодон ва муҳити илмии пажӯҳишгоҳ ба ташаккули малакаҳои таҳқиқотии ӯ мусоидат намуд. Дар натиҷа, кори дипломӣ баҳои баланд гирифт.
Қадами дигари муҳим дар фаъолияти илмии Фирӯза Раҳматова имкони сафар ба Фаронса буд. Ӯ ба муассисаҳои илмии ин кишвар сафар намуда, бо фаъолияти олимон ва расадхонаҳои он шинос шуд. Дар Порис ва муассисаҳои илмии марбут ба астрономия таҷриба андӯхт. Бо як қатор расадхонаҳо шинос шуда, дар муҳити илмии байналмилалӣ фаъолият намуд. Ин давра барои ӯ имкони шиносоӣ бо усулҳои нави мушоҳида, таҷрибаи кории олимони хориҷӣ ва муносибатҳои илмии байналмилалӣ гардид.
– Яке аз хусусиятҳои муҳими ин сафар омӯзиши забони фаронсавӣ низ буд. Муоширати мустақим бо олимон ва кормандони муассисаҳои илмӣ зарурати истифодаи забонро ба миён меовард. Аз ин имконият самаранок истифода бурда, забони фаронсавиро дар муҳити воқеии зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ такмил дода омӯхтам, – изҳор намуд Фирӯзабону.
Ҳузур дар муҳити илмии Фаронса барои Фирӯза имконият дод, ки таҷрибаи илмии худро ғанӣ гардонад. Бо як қатор расадхонаҳо шинос шуда, дар барномаҳои мушоҳидавӣ ва илмӣ таҷриба омӯхт. Аммо муҳити хориҷӣ дар баробари донишҳои нав, эҳсоси шинохти Ватанро низ қавитар кард. Ҳини фаъолияти илмӣ дар Фаронса бо фарҳанги Тоҷикистон шиносони хориҷиро ошно менамуд. Барои ӯ муаррифии кишвар ва фарҳанги миллӣ ҷузъи табиии муоширати инсонӣ буд.
Пас аз таҷрибаи андӯхта дар Фаронса роҳи илмии Фирӯза Раҳматова ба марҳалаи дигар ворид шуд. Ин бор таваҷҷуҳи ӯ ба самти дигаре аз астрономия – омӯзиши падидаҳои метеорӣ равона гардид. Дар яке аз семинарҳои илмӣ бо профессори расадхонаи астрономии Украина шинос шуд. Муҳокимаи масъалаҳои илмӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи мактаби астрономии Украина барои Фирӯза имконияти нави таҳқиқотиро боз кард.
– Дар ташаккули фаъолияти илмӣ ва ҷаҳонбинии таҳқиқотиям дар шаҳри Киев Николай Киселёв, Павел Корсун, Александра Иванова ва Сергей Борисенко нақши муҳим гузоштанд. Аз онҳо ман донишу таҷрибаи илмӣ гирифта, дар самти омӯзиши ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ ва коркарди мушоҳидаҳои астрономӣ таҷрибаи муҳим гирифтам ва то имрӯз бо онҳо ман кор мекунам, – иброз намуд Фирӯзабону.
Киев дар он солҳо ҳамчун яке аз марказҳои муҳими рушди ин самти астрономия муаррифӣ мешуд. Барои муҳаққиқи ҷавон оғози марҳалаи нави омӯзишу пажӯҳиш гардид. Ҳамин тавр, роҳи илмии ӯ аз Тоҷикистон ба муҳити илмии Украина пайваст.
Идомаи таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ тадриҷан Фирӯзаро ба марҳалаи муҳимтарини фаъолияти илмӣ – омода намудани рисолаи номзадӣ расонд. Дар ниҳоят, рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Таҳқиқи хосиятҳои динамикӣ ва физикии ҷирмҳои хурди фаъоли интихобшудаи системаи офтобӣ дар асоси мушоҳидаҳои оптикӣ» таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова дифоъ намуд.
Агар тамоми роҳи тайнамудаи Фирӯза Раҳматоваро ба як ҷумла ифода кунем, он аз нигоҳи кӯдакона ба фазои ситорарез оғоз шудааст. Нигоҳе, ки дар кӯдакӣ кунҷковиро бедор карда, баъдтар ба интихоби касб, таҳсил, таҳқиқоти илмӣ ва шиносоӣ бо марказҳои илмии ҷаҳон пайваст.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо










