Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз мактаби оила то минбари маърифат
Илм ва маориф / СлайдерЗиндагии инсон китоберо мемонад, ки ҳар фасли он аз таҷрибаи нав, ҳар саҳифааш аз андӯхти маънавӣ ва ҳар сатраш аз интихоби роҳи дуруст пур мешавад. Баъзеҳо дар ин масир танҳо пайи зиндагии хеш мераванд, баъзеи дигар бо дониш, заҳмат ва масъулиятгузорӣ ба зиндагии атрофиён низ маъно мебахшанд. Шахсияти инсон аз нахустин дарсҳои хонаводагӣ то озмоишҳои мактаби зиндагӣ, талоши донишандӯзӣ ташаккул меёбад. Роҳи зиндагӣ ва фаъолияти касбии Латофат Назирӣ, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ ва роҳбари собиқадори низоми маорифи кишвар низ бо ҳамин ҷустуҷӯи пайвастаи маърифат, таҷриба ва масъулият бастагӣ дорад.
Дилхоҳ нафар решаҳои худро молик аст ва ин решаҳо дар хоки маънавии оила парвариш меёбанд. Дарси нахустини зиндагӣ аксаран аз ҷониби касоне дода мешавад, ки шояд номи худро дар китобҳои таърих сабт накардаанд, аммо дар қалби фарзандон ҷаҳонбиниву меъёрҳои ахлоқиро барои тамоми умр ҷой медиҳанд.
— Оила дар ташаккули шахсияти инсон дар тамоми марҳалаҳои зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, — таъкид менамояд Латофат Назирӣ.
Қаҳрамони мо бо эҳсоси сипос аз зодмандон ёд мекунад ва нақши тарбияи хонаводагиро дар ташаккули шахсияти худ муҳим медонад. Ба гуфтаи ӯ, фарзандони оила маҳз тавассути дарсҳои модар ба мактаби ҳаёт, дониш ва маърифат ворид гардида, баъдан дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳзари устодони соҳибтаҷриба донишу ҷаҳонбинии худро такмил додаанд. Ин таҷрибаи зиндагӣ дар дарки Латофат аз маънии тарбия нақши муассир гузоштааст.
— Дониш танҳо замоне арзиши воқеӣ пайдо мекунад, ки дар таҷриба татбиқ шуда, бо масъулиятшиносӣ ва фарҳанги муносибат ба инсон пайванд ёбад, — мегӯяд Латофатбону.
Фаъолияти омӯзгории Латофат Назирӣ ҳамчун муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ оғоз шудааст. Ин марҳала барояш мактаби шинохти инсон, дарки равандҳои иҷтимоӣ ва фаҳмиши масъулияти омӯзгор дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас буд. Баъдан дар вазифаи муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, таҷрибаи ташкиливу идоракунии кори таълимиро андӯхт.
Ҷустуҷӯи донишҳои нав ва таваҷҷуҳ ба олами ботинии инсон ӯро ба омӯзиши психологияи амалӣ раҳнамун сохт. Пас аз бозомӯзӣ дар ин самт дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар кафедраи психология идома дод. Ин марҳала барои тавсеаи ҷаҳонбинии касбӣ ва пайванди таҷрибаи омӯзгорӣ бо донишҳои психологию педагогӣ замина фароҳам овард.
Солҳои минбаъда фаъолияти ӯ бо вазифаҳои роҳбарию ташкилӣ ва масъулиятҳои фарохтари соҳавӣ тавъам гардид. Солҳои 2008–2012 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, солҳои 2012–2016 ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф буд. Баъдан, дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар баррасӣ ва пешбурди масъалаҳои муҳими соҳа саҳм гирифт.
— Ташаккули роҳбари соҳибтаҷриба аз муҳити солими касбӣ, дастгирии ҳамкорон ва ҳамкорӣ бо шахсиятҳои донишманду соҳибирода вобастагӣ дорад. Ҳамзамон, фазои истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа барои густариши иштироки бонувон дар фаъолияти роҳбарӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад, — иброз медорад Латофат Назирӣ.
Ҳини фаъолият дар мақоми муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ доираи масъулиятҳои касбии ӯро васеътар намуд. Ин вазифа на танҳо огоҳии амиқ аз вазъи низоми маориф, балки шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили масъалаҳои соҳавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушдро тақозо мекард. Дар чунин шароит қабули қарори муассир бояд бар омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала, машварат бо мутахассисон ва арзёбии натиҷаҳои эҳтимолии он асос ёбад…
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарӣ, пажӯҳиши илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Латофат Назирӣ ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи ӯ ба масъалаҳои педагогика, ташаккули шавқу рағбати маърифатии хонандагон ва такмили равандҳои таълим дар интихоби мавзӯи таҳқиқоти илмии ӯ низ инъикос ёфтааст.
Латофат Назирӣ рисолаи номзадии худро дар самти илмҳои педагогӣ ҳимоя намуда, мавзӯи таҳқиқоти ӯ «Асосҳои педагогӣ-психологии ташаккули муносибати тафриқа дар таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ» (дар мисоли муассисаҳои таълимии Тоҷикистон) ба яке аз масъалаҳои калидии педагогика бахшида шудааст.
Меҳвари чунин таҳқиқот робитаи байни усулҳои таълим ва ташаккули шавқи маърифатии хонанда буда, шавқ ба дониш дар муҳите ташаккул меёбад, ки хонанда имкони саволгузорӣ, андешаронӣ, муқоиса, ҷустуҷӯи ҷавоб ва мустақилона ба хулоса омаданро дорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти таълимию эҷодии Латофат Назирӣ ба масъалаҳои маърифати оилавӣ ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона иртибот дорад. Дар ин замина китоби «Маърифати оиладорӣ»-и бонуи донишманд ҷойгоҳи махсусеро касб кардааст. Мазмуни ин асар ба зарурати ташаккули донишҳои ҳаётӣ, дарки масъулияти оилавӣ ва омодагии бошууронаи ҷавонон ба бунёди оилаи солим равона шудааст.
Дар китоб масъалаҳои марбут ба муносибатҳои зану шавҳар, тарбияи фарзанд, муносибат бо калонсолон, идоракунии хоҷагии оила ва омодагӣ ба мушкилоти зиндагӣ дар партави зарурати ташаккули муносибати масъулона ба ҳаёти хонаводагӣ аҳамият пайдо мекунанд. Донистани ин масъалаҳо метавонад ба ҷавонон кумак кунад, ки ба ҳаёти мустақилона бо дарки амиқтари масъулият ворид шуда, дар муносибатҳои оилавӣ аз мавқеи эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯи созанда амал намоянд.
«Маърифати оиладорӣ» дар доираи андешаҳои педагогии Латофат Назирӣ ҳамчун талош барои пайвастани донишҳои назариявӣ бо ниёзҳои воқеии зиндагӣ арзёбӣ мешавад, зеро омода кардани инсон ба зиндагӣ танҳо омӯзондани касбу ҳунар набуда, он ҳамчунин тарбияи қобилияти муносибати дуруст бо дигарон, дарки масъулият ва ҳифзи арзишҳоеро дар бар мегирад, ки пояҳои зиндагии ҷамъиятиро ташкил медиҳанд.
— Ҳамоангии фаъолияти касбӣ ва зиндагии хонаводагӣ масъулияти танҳо як нафар нест. Он фарҳанги муносибат, ҳамдигарфаҳмӣ ва омодагии ҳамаи аъзои оиларо барои дастгирии ҳамдигар тақозо мекунад. Дар чунин муҳит пешрафти касбии зан бо масъулияти хонаводагӣ дар тазод қарор намегирад, балки бо дастгирии мутақобил имкони ҳамзистӣ ва рушд пайдо мекунад, — мегӯяд Латофатбону.
Барои донишманд дастоварди омӯзгор, пеш аз ҳама, дар камолоти шогирдони ӯ таҷассум меёбад. Самараи таълиму тарбияро наметавон танҳо бо натиҷаҳои фаврӣ чен кард, зеро таъсири дониш, фарҳанги муошират ва арзишҳои инсонӣ метавонад дар тамоми зиндагии шогирд идома ёбад.
Масири зиндагӣ ва фаъолияти касбии Латофат Назирӣ дар пайванди чанд самти муҳим — омӯзгорӣ, пажӯҳиши илмӣ, роҳбарӣ ва тарбияи маънавӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳар кадоми ин самтҳо таҷрибаи хос ва малакаи кордонии шахсро нишон медиҳанд.
Шояд ҳамин пайванди дониш, таҷриба ва масъулият аст, ки ба роҳи касбии Латофат Назирӣ мазмуни хос мебахшад. Роҳе, ки аз дарси нахустини хонаводагӣ оғоз ёфта, дар мактаби зиндагӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, таҳқиқоти илмӣ ва масъулиятҳои роҳбарӣ идома пайдо кардааст.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо










