БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ХАТЛОН: Ташаббусҳои нав дар соҳаи маориф

Илм ва маориф

Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон як қатор озмунҳои вилоятиро ба роҳ мондааст, ки ин иқдом ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас, омӯзгорону масъулони соҳаи маориф ба китобу китобхонаҳо ва бозомӯзиву такмили илму маърифатнокии онҳо мусоидат менамояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Зиёдулло Абдуллозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ айни замон озмунҳои вилоятии "Ифтихори ватандорӣ", " Оилаи маъсулиятшинос "," Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ" Барои дарёфти ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров, "Вассофи омӯзгор", " Беҳтарин хонаи омӯзгорон", “Тартиби волонтёрӣ дар самти томактабӣ” ва ғайраҳо идома дорад. Иштироки фаъоли довталабон дар ин озмунҳо гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷомеа рӯ ба китоб ва омӯзиши илму ҳунарҳои муосир оварда истодааст.

Ҳамзамон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо ташкилу баргузории Форуми "Омӯзгори навовар", "Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд", олимпиадаи вилоятии "Ворисони Сино " дар рушду пешрафти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия саъю талош намуда истодааст.

Бинобар иттилои Зиёдулло Абдуллозода, дар соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5 - 11 дар чор зина аз рӯи 13 фанни таълимӣ баргузор гардиданд, ки дар он 1353 нафар хонандагони МТМУ-и вилояти Хатлон ширкат варзида, 14 медали тилло, 52 медали нуқра ва 475 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2023 - 2024 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 1386 адад расид, ки нисбати як соли пешин 11 муассиса зиёд аст. Ҳамчунин, дар миқёси вилоят шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 169 адад ва муассисаҳои томактабии хусусӣ ба 17 адад мерасад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

Далер ШАРИФОВ,

вилояти Хатлон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 40)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон