БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мақоми шоистаи забони давлатӣ
Илм ва маорифДар ноҳия 13 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, онҳо пурра таъмир шуда ба қабули хонандагон омодаанд. Сатҳу сифати таълим аз бисёр ҷиҳат ба он омил вобаста аст, ки муассисаҳои таҳсилотӣ то кадом дараҷа бо омӯзгорон таъминанд. Боиси хушнудист, ки дар мактабҳои мо ин мушкилӣ ҷой надорад. Дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати давлат қарор гирифтани маориф ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор ва боло рафтани мақому манзалати муаллим ва сатҳи ҳавасмандии моддӣ ва маънавии онҳоро сабаби асосии дастоварди соҳа медонам.
Дар мактабҳои ноҳия 305 омӯзгор (аз ин 201 нафар бонувонанд) ба қариб 2500 шогирд дарс мегӯяд. Дар як мактаби ноҳия таълим пурра ба забони тоҷикӣ мегузарад, як мактаби дузабонаи тоҷикиву қирғизӣ ҳам дорем. Дар макотиби боқимонда фанҳо ба забони қирғизӣ таълим дода мешаванд.
Коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия қодиранд, ки талаботи хонандагонро пурра бо либоси мактабӣ таъмин намоянд. Муштариён аз сифати моли корхонаҳои дӯзандагии маҳаллӣ қаноатманд буда, шуъбаи маориф бо корхонаҳои дӯзандагӣ шартнома дорад. Соли таҳсили нав низ аксари талабаҳо бо либосҳои зебанда ва шинами мактабӣ, ки маҳсули ҳунари чеварони чирадасти маҳаллӣ мебошанд, ба мактаб мераванд. Шартномаи тарафайн байни шуъбаи маориф ва корхонаҳои дӯзандагӣ аз як тараф ба дастрас намудани либоси мактабии босифату арзон ва андозаашон дилхоҳ ба хонандагон ва аз сӯйи дигар дастгирии моли истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Сатҳи таълими забони давлатӣ ва омӯзиши онро дар муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Донистани забон фазилат аст. Бахусус, забони давлатиро бояд ҳар шаҳрванд хуб донад, зеро камолоти касбӣ ва маънавии шахс аз бисёр ҷиҳат ба забондониашон вобаста аст. Забони давлатӣ оғоз аз муассисаҳои томактабӣ таълим дода мешавад. Дар ноҳия шаш кӯдакистон фаъолият дошта, қариб 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Ба манзури омӯзиши забони давлатӣ чанд сол қабл бо ибтикори МИМҲД-и ноҳия курсҳо ташкил ёфта, кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ба курсҳо мутахассисони соҳибтаҷрибаи ноҳия ва вилоят ҷалб шуданд ва натиҷаҳои хуби омӯзишӣ ба даст омаданд. Онҳое, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд, коргузориро дар идораву муассисаҳояшон бо забони давлатӣ ба роҳ монданд.
Мушкилоти коргузории ҷамоатҳои деҳот ва мактабҳо бо кумаки хатмкунандагони макотиби олии кишвар, ки ба тариқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, бартараф гардиданд. Ду сол пайи ҳам 100 нафар хонанда имкон пайдо кард, ки аз ҳисоби Квотаи президентӣ донишҷӯ шавад. Чорабиниҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва кулли идораву муассисаҳо пурра ба забони давлатӣ мегузаранд. Директорони мактаб ва омӯзгорон донандагони хуби забони давлатӣ ва тарғибгарони фаъоли он ҳастанд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ бо ду забон – тоҷикӣ ва қирғизӣ сухан меронанд.
Донистани хуби забони давлатӣ ба рушд ва камолоти касбӣ мусоидат намуда, волидон бо дарки ин муҳимият мекӯшанд, ки фарзандонашон забони давлатиро хуб донанд. Бо дархости падару модарон ва ибтикори мақомоти ноҳия дар ёздаҳ муассисаи таҳсилотии қирғиззабон синфҳои тоҷикӣ кушода шуданд. Агарчи фарогирӣ ба таълим дар синфҳо худихтиёрӣ аст, хоҳишмандони омӯзиши забони давлатӣ, забони Рӯдакиву Ҳофиз ва Айниву Турсунзода хеле зиёд аст. Чунин ҳавасмандӣ ба донистани забони давлатӣ муассисаҳои таълимиро низ водор месозад, ки сатҳ ва сифати таълими забони давлатиро боз ҳам баландтар бардоранд. Мутахассисони ҷавон на фақат дар соҳаи таълим, балки сайёҳӣ ва дигар риштаҳо аз корбурди фаъоли забони давлатӣ муваффақона истифода мебаранд.
Дар озмунҳо, назири «Тарона ба забони тоҷикӣ» ва «Беҳтарин донандаи забони давлатӣ», ки одатан то Рӯзи забони давлатӣ ҷамъбаст мешаванду дар онҳо Ватан, дӯстӣ ва дигар арзишҳои башарӣ васф мешавад, бештари вақт хонандагону омӯзгорони макотиб ғолибият ба даст меоранд. Дидан мумкин аст, ки тамоми ҳудуди ноҳияро шиору овезаҳо ба забони давлатӣ, матнҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва навиштаҳои адибон дар васфи Ватан, дӯстӣ, ваҳдат, сулҳ оро медиҳанд. Ҳамаи ин аз мақоми шоистаи забони давлатӣ дар ноҳия шаҳодат медиҳад.
Мактабҳо бо ашёи таълимӣ, китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ва қирғизӣ пурра таъмин мебошанд. Китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоии макотиби қирғиззабон ҳанӯз қаблан ба барномаи таълимӣ барои хонандагони тоҷик мутобиқ гардонда шуда буданд. Бо мадади Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол мутобиқгардонии китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии қирғиззабон ба барномаи таълимӣ барои хонандагони тоҷик дар тарҷума бо забони қирғизӣ пурра анҷом ёфта, дастраси хонандагон ва омӯзгорон гардиданд.
Аз рӯзгори хеш чанд сухан мегуфтед…
Дар ноҳияи Мурғоб таваллуд шуда, пас аз хатми факултаи педагогикаи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба омӯзгорӣ пардохтам. Сипас, дар вазифаҳои мудири боғчаи бачагона, мушовири Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, сармутахассиси Маркази рушд ва дарёфти истеъдодҳо ва директори Муассисаи таҳсилоти иловагӣ кор карда, ба вазифаи мудири шуъбаи маориф таъин гардидам. Дар иҷрои вазифаи хидматӣ масъулияти бузург эҳсос мекунам. Дар баробари забони давлатӣ забони қирғизиро медонаму ин бароям дар муошират бо омӯзгорону хонандагон ва назорати иҷрои барномаи таълимӣ ёрӣ мерасонад.
Хонандагони макотиб чӣ дастовардҳо доранд?
Хонандагони макотиби ноҳия дар озмунҳо ва олимпиадахои фаннӣ ширкати фаъол дошта, дастовардҳои арзанда доранд. Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маркази ҷумҳурӣ хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотӣ ба мақоми ифтихорӣ сазовор ва бо Ифтихономаҳо қадрдонӣ шуданд. Теъдоде аз хонандагони мактабҳо дар озмунҳои фаннии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, аз фанҳои табиӣ дониши хуб нишон доданд. Хонандаи ихтироъкори МТМУ № 9-и маркази ноҳия Муҳаммадалӣ Таштанбеков дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» сазовори ҷойи дувум гардид.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандаи мактаби № 14-и ноҳия Латофат Ғуломшоева аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи сеюмро соҳиб гашт. Ба дастовардҳоямон, ки баёнгари сатҳи хуби таълим, бахусус омӯзиши забони давлатӣ дар макотиби ноҳия мебошад, ифтихор дорем ва талош меварзем, ки онҳоро таҳким бахшем.
Суҳбаторо М. ҶАЛОЛ