БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуи соҳибзавқ

Илм ва маориф

Гулсара Сиддиқова аз зумраи олимони ҷавонест, ки бо нерую тавоноии тоза ба майдони илм ворид гардидааст. Бонуи серҳаракату серғайрат устоди басо сахтгир низ аст. Ҳақиқатро меписандад. Мегӯяд, ки дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ба роҳи рост рафтан, рос­тиро пеша кардан амалест наку.

Имрӯз ӯ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд ба шогирдон дарс мегӯяд. Дар ин маъбади илму ирфон мақом ва манзалати худро ёфтааст, зеро вай бо самараи заҳматҳои пайвас­тааш ба эҳтиром ва эътирофи мардум сазовор гардидааст.

Гулсара бонуи соҳибзавқу зани ҳалиму меҳрубон ва дорои фазилатҳои неки инсонист. Пайваста чеҳрааш гул мекунад. Суханрониҳояш орифона ва каломаш гуҳаррез аст. Шаддаи марворидгуни ҳарфҳояш ӯро ба чунин зинаи камолот раҳнамун сохта, зеро каломи меҳрбори ин бонуи самимиву донишманд касро чун оҳанрабо ба худ мекашад.

 

Гулсара имрӯз ҳам ба шогирдон дарс мегӯяду дар як вақт вазифаи муовини декан оид ба таълимро дар факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ ба зимма дорад. Аз соли 2016 раиси Шурои занҳои Донишгоҳро ба зимма дошта, ба гулдухтарон пайваста корбарӣ намуда, оид ба одобу усули либоспӯшӣ, ҳурмати калонсолон, эҳтироми урфу одатҳои миллӣ суҳбат менамояд.

Гулсара Сиддиқова зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 21-уми феврал дар деҳаи Галамайдон ба дунё омадааст. Ӯ нахустин қадамҳои худро ба мактаби миёнаи №62-и ноҳия гузошта, дар ҳамин макон сабақ гирифт. Баъдтар таҳсилро дар мактаби №62-юм давом дод. Хатмкардаи дабистони №11-и ноҳия аст.

Аз хурдсолӣ забонҳои хориҷӣ барояш хеле писанд буд. Орзу мекард, ки забонҳои гуногуни хориҷиро азбар намуда, аз фарҳангу маданияти халқиятҳои гуногун огоҳ бошад. Аз ин рӯ, ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Дарозои таҳсил дар Донишгоҳ пайваста меомӯхт, ҷустуҷӯ мекард, то дониши худро такмил диҳад.

Пас аз хатми ин макони илму маърифат ба назди худ мақсад гузошт, ки доираи илмии худро такмил диҳад. Фаъолияти кории худро дар ДИС ДДТТ ба сифати омӯзгори забони англисӣ оғоз намуд. Ҷустуҷӯ мекард, меомӯхт, то дониши худро васеъ намуда, дар шоҳроҳи илму маърифат барои худ пайраҳаи наве кушояд. Заҳматҳояш самар оварданду соли 2020 дар мавзуи «Баррасии сохтори грамматикии омонимҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Парвона Ҷамшед дифоъ кард.

Талошҳои пайвастааш дар ҷодаи такмили дониш бенатиҷа намонданд. Истеъдод ва дониши ӯ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гашт. Дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Баҳри ба чунин зинаи баланди илмӣ расидан саҳми модаршӯяш, омӯзгори соҳибтаҷриба Бисаодат Сиддиқова ва хусураш Нурулло Сиддиқов, устоди ДИС ДДТТ басо бузург аст. Онҳо дар ҷодаи илм нахустустодони ӯ мебошанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Хуҷанд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон