БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Камоли инсон аз остонаи мактаб оғоз меёбад

Илм ва маориф

Омӯзгори дорои собиқаи касбии бештар аз сисола Гулсият Қаландарбекова ду даҳсолаи охир аст, ки маҳорату малакаи педагогиашро ба таълиму тарбияи хонандагони Муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоии деҳаи Бердибекободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бахшидааст. Дастовардҳои таълимӣ дар ҷодаи касбӣ ва ширкати фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ӯро чун омӯзгори ботаҷрибаву навовар ва бонуи кордону ташаббускор байни ҳамкорон номвар гардондаанд.

Вақте тақдир ӯро ба хонаи нав, ба деҳаи Бердибекобод овард, зуд ба ин макон ва сокинони заҳматқарину ватанпарвари он дил баст. Бунёди деҳа ба солҳои пас аз Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ва ба номи инсони хоксору хокпош ва деҳқони асил Бердибек алоқаманд аст. Хислатҳои созандагии бунёдгузори он, ки бо меҳнати зиёд ва арақи ҷабину азми зиёд аз мобайни сангҳо ва сахраҳо бо зоғнӯлу каланд ҷӯйбор бароварда, даштро шодоб гардонданд, дар тинат ва амали кулли сокинони деҳа ба мушоҳида мерасанд. Дар макони нав манзилҳои истиқоматӣ пайи ҳам арзи вуҷуд карда, деҳаи зебо ва сабзу хуррам шакл гирифту бо дархости сокинон он Бердибекобод ном гирифт.

 Азбаски деҳа аз деҳоти наздиктарин се километр дурӣ дораду бахусус дар фасли зимистон ва боришоти барф барои хонандагон мушкилоти омаду рафт ба мактаб меафзуд ва бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва таъмини бехатарии кӯдакон дар деҳа Муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ таъсис ёфт. Айни ҳол дар деҳа 40 хонавода сукунат дошта, фарзандон дар мактаби ибтидоӣ савод меомӯзанд. Агарчанде дар вилоят сол ба сол ба иллати афзоиши муҳоҷират кам гаштани шумораи хонандагон ба мушоҳида мерасад, саҳни дабистони ин ҷо ҳамеша серғалоғула аст, зеро Бердибекобод деҳаест, ки аз ин ҷо ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд.

 Дар баробари мактаб хонавода дар омӯзишу парвариш ва инкишофи зеҳниву ҷисмонии кӯдак нақши баробар ва муҳим мегузорад. Дар дабистон ягон хонанда, ки дар тарбияи бобову бибӣ мондаву волидонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошанд, надорем. Сатҳи хуби тарбия ва саводнокии хонандагонро натиҷаи ҳамкории самарабахши муассисаи таълимӣ бо волидон медонам, - баён медорад омӯзгор.

Дар мактаби ибтидоӣ синфҳои комплектӣ амал мекунанду таълим дар чунин синфҳо хусусияти худро дорад. Омӯзгори собиқадору ботаҷриба ҳанӯз пеш аз ба саҳни дабистон қадам гузоштани ҳар кӯдаки деҳа ӯро медонаду мешиносад ва хулқу атворашонро меомӯзаду дар ҷараёни таълим, вақте кӯдак паси мизи синфӣ мешинад, мекӯшад то бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим вобаста ба шавқу завқи кӯдак дар инкишофи қобилияти зеҳниаш мусоидат намояд.

Дар бораи муаллим мегӯянд, ки вай чун модар барои шогирдонаш ғамхору меҳрубон ва чун тарбиятгару омӯзанда масъулу сахтгир аст. Забони сода ва фаҳмову буррои муаллим ба шогирдон имкон медиҳад, ки мавзуи дарсро зуд ҳазм намоянду барои иҷрои вазифаҳои эҷодӣ ва мустақилона вақти бештар дошта бошанд. Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи ҳамсояи Барсем аз сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи хуби тарбиятгирандагони мактаби ибтидоӣ, ки таҳсилашонро дар он ҷо идома медиҳанд, қаноатманд ҳастанду аз байнашон истеъдодҳои хуб ба камол мерасанд. Дар деҳаи Барсем чанд сол қабл бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави МТМУ-и замонавии зебо ва муҷаҳҳаз бо ашёҳои таълимии ҳозиразамон бунёд ёфта, хонандагон аз якчанд деҳа дар ин ҷо омӯзиш мебинанд.

Бону Гулсият аз офати табиии харобиовари тобистони соли 2015 ёдовар шуд, ки бар асари он 82 хонавода дар деҳаи Барсем ва якчанд хонавода дар деҳаи Бердибекобод бесарпаноҳ монда буданд. Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса зимни сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон, изҳор доштанд: «Мардуми ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати кишвар дар ин рӯзҳои душвор онҳоро танҳо намегузорад» ва ҳамин тавр ҳам шуд.Дар муддати камтар аз ду моҳ барои офатзадагон манзилҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароити буду бош бунёд гардида, деҳаи нави завонавӣ қомат рост кард. Хурду бузурги деҳа ҳамчун нишони миннатдорӣ аз Сарвари давлати ғамхорашон онро Раҳмонобод ном гузоштанд.

Шароити қулайи табиии маҳал ва самараи Истиқлоли давлатӣ боис шуданд, ки дар Бердибекобод корхонаҳои асфалтбароӣ, бетон ва шағал сохта шуда, теъдоде аз ҷавонони деҳа ба шуғл фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин, масири байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулма, ки ҳамарӯза корвони мошинҳо дар равуо ҳастанд, аз байни деҳа мегузараду айни ҳол роҳсозӣ ба шуғли сокинони зиёди деҳа табдил шудааст. Дар сохтмони нақби зидди тарма ва сел, ки дар назди деҳа дар авҷ аст, ҷавонони зиёди деҳа саҳм мегузоранд. Ба гуфтаи сокинони ҷавони деҳа барои фаро гирифтанашон ба шуғл дар маҳал шароити созгор фароҳам оварда шудасту онҳо бо меҳнаташон дар ин ҷо ризқу рӯзии худ ва хонаводаҳояшонро пайдо мекунанду дар сар фикри муҳоҷири меҳнатӣ шуданро намепарваранд.

Сокинони деҳа, ҳамчунин, аз ҳисоби чорвопарвариву заминкорӣ ва ҳунармандӣ рӯзгорашонро пеш мебаранд. Гулсият, дар баробари омӯзгорӣ, яке аз бофандаҳои хубу босалиқаи ҷӯробҳои помирӣ дар деҳа маҳсуб меёбад.

Ба бовари омӯзгор Гулсият Қаландарбекова инқилоби техникаи муосир кору рӯзгори инсонро хеле осон кардааст, вале таъсири ҷанбаҳои манфии он дар деҳоти дурдасттарин ҳам ба мушоҳида мерасад. Зиёд сару кор гирифтани волидон бо телефонҳои мобилӣ ва интернет боис мегардад, ки фарзандон ҳам мехоҳанд ба онҳо пайравӣ намоянд.

 Китоб манбаи асосии дониш ва равнақи афкори андешаи инсон боқӣ мемонаду меҳр ва шавқу завқ ба хондану навиштан ва андешаронии мустақилро дар дили кӯдакон ҷой додан вазифаи ҷонии омӯзгор ва волидон мебошад, - изҳор медорад омӯзгори ботаҷриба.

Пайроҳаи касбии омӯзгори ботаҷрибаву соҳибэҳтиром Г.Қаландарбекова дар соли 1989 пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси китобдор ва сипас омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар зодгоҳаш-деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон оғоз гардид. Чанд сол ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби деҳаи дурдасти Сарикӯҳ кор кард. Аз соли 2000-ум ин бонуи фаъолу бомаърифат саводомӯзи Муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Бердибекободи ноҳияи Шуғнон буда, рисолати омӯзанда ва тарбиятгари насли наврасро бо масъулияти беш ва касбияти баланд иҷро менамояд.

М.ШОҲҶАМОЛ,

ноҳияи Шуғнон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон