БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ситораҳои пурфурӯғи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Илм ва маориф / Слайдер

Гоҳо ахтаракони навтулуъ дар анҷумани Каҳкашон партаву дурахши зеботар аз дигар ситораҳо доранд. Турфашогирдоне, ки устодону донишмандон ва нухбагони илму адабу маънавиётро дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳайрат гузоштанд, аз ҷумлаи он ахтарони пурфурӯғанд.

  Зеботарину фараҳбахштарин лаҳзаи маро­сими ҷоизасупории Озмун, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Сад­риддин Айнӣ баргузор шуд, эълон кардани барандагони шоҳҷоизаҳои ин сабқати дурахшон дар соли 2024 буд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 21 нафар ғолиби ҷойи аввал барои дарёфти Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғ…» танҳо 15 нафар ҷуръат карда, ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намуду миёни ҳам санҷиши дониш дошт.

Сабқат барои дарёфти Шоҳҷоиза аз рӯйи чаҳор номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; адабиёти классикии тоҷик; адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон баргузор шуд. Барандагони ҷойҳои аввали номинатсияҳои эҷоди назм ва наср интихобан дар чаҳор номинатсияи болозикр дониши хешро санҷиданд. Ниҳоят, аз рӯйи чаҳор номинатсия, дар байни ҳамаи гурӯҳҳои ширкаткунанда аз кӯдаки 7-сола то пири 70-сола наврасоне барандаи Шоҳҷоиза гаштанд, ки бо дониш, масъулият ва шавқи беандоза ҷомеаи китобдӯсти кишварро мафтуни заковату ҳозирҷавобии хеш гардонданд.

Малика Ҳасанова, хонандаи синфи 11-уми МТМУ рақами 51-уми шаҳри Кӯлоб, дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва осори шифоҳӣ миёни гурӯҳи хонандагони синфҳои 5–11-ум соҳиби ҷойи аввал гашт. Ӯ зиёда аз 600 китоб, 250 афсона, 250 ҳикоя мутолаа намуда, 120 ғазал, 250 рубоӣ, 250 чистон, 100 панд, 300 тезгӯяк, 300 зарбулмасал аз бар намудааст.

 Малика тули панҷ сол мешавад, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат менамояд ва дар чор соли гузашта дар даври ниҳоӣ ду маротиба ҷойи ифтихорӣ ба даст овардааст. Барандаи Шоҳҷоизаи Озмун гаштани ӯ самари мутолааи пайваста ва талошҳои беохири ӯянд, - зикр мекунад омӯзгораш рӯзноманигори шинохта Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ.

Шаина Мабатқадамова, хонандаи синфи 9-уми Мактаби президентии шаҳри Хоруғ аст. Ин духтараки китобдӯст дар соли 2020 аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойи намоён гашта буду соли равон аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Шоҳҷоизаро ба даст овард. Омӯзгор Ғуломалиева Турамо, ки Шаинаро мисли фарзанди худ дӯст медорад, ғолибии шогирдашро дар талоши пайвастаи ӯ медонад:

 Вақте ҷавҳари истеъдодро дар вуҷуди ӯ кашф намудем, берун аз доираи вақти таълим, ҳамроҳ кор мекардем, зеро дар хобгоҳи Мактаби президентӣ якҷо зиндагӣ мекунем. Ба ин роҳ Шаина тамоми осори дар низомнома пешниҳодшударо аз худ кард ва бо мутолааи осори гаронарзиши ниёгон тавонистем бо ӯ дар марҳалаи ниҳоӣ пирӯзӣ ба даст орем. Пеш аз ҳама, меҳру ҳавас ва дилбастагии Шаина ба адабиёт буд, ки ин ҷоизаи олӣ насибамон гашт, ки сипосу муҳаббати хешро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои роҳандозии ин Озмуни бонуфуз баён медорем, - иброз медорад омӯзгор.

Хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-уми ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода панҷ сол аст, ки дониши хешро дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», месанҷад. Мутолааи пайваста, руҳи қавӣ ва интизориҳояш самар бахшиду миёни довталабон аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Шоҳҷоизаро ба даст овард.

Пеш аз ҳама, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки чунин шароитҳои арзандаи таълиму донишандӯзиро барои мо, насли хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ, фароҳам оварданд, - мегӯяд Сабрина.

Хурдтарин иштирокчии сабқати Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон Асилабону Алимоваи 10-сола буд, ки бо мутолааи фарох, ҷаҳонбинии васеъ, нутқи бурро ва тамкини хос ба тамоми саволҳои ҳайати ҳакамон посухҳои муфассалу дақиқ дода, сазовори Шоҳҷоизаи озмун дониста шуд.

 Соли дуюм аст, ки дар Озмун ширкат мекунам. Бароям ифтихори бузург аст, ки бо заҳмати фаровон ҳам соҳиби дониши гарон­арзиш ва ҳам Шоҳҷоиза гаштам. Дар оянда мекӯшам, ки донишҳои навро аз худ намуда, ба миллати худ хизмат кунам, - бо фараҳмандӣ ироа медорад Асилабону.

Ҷоизаву унвону мартабаро аслан зебандаи бузургсолон медонанд, ки аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бурдаву хешро такмил додаанд. Аммо чаҳор навраси тоҷик тавонистанд бо ҷавҳари дониш ва мутолаа аз хурдӣ фотеҳи қуллаҳои баланди маърифат бошанд.

Ин чаҳор ҷӯяндагони ганҷи китоб, дар баробари хазинаи маърифат дар ҳошияи Озмуни бонуфузу маърифатгустари «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби Шоҳҷоиза, диплом, 70 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва роҳхат ба «Истироҳатгоҳи лаёқатмандон» дар ноҳияи Ховалинг гаштанд, ки муборакашон бод!

МАФТУНА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон